Мақомоти Қазоқистон 21 октябр эълом карданд, ки ширкати нафтугази Бритониё ва Нидерландия "Royal Dutch Shell" аз созишномаи коркарди кони Хазари ин кишвар хориҷ мешаванд. Ин кон дар бахши қазоқистонии баҳри Хазар ҷойгир аст.
Ширкати нафтугази Қазоқистон - "КазМунайГаз" дар иттилоияи худ гуфтааст, ки ширкати "Shell" дар кони Хазар ҳудуди 900 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, вале ба далели паст будани даромади он аз созишнома хориҷ мешавад. Ҳаҷми захираи кон 40 миллион тонна нафт ва 10 миллиард метри мукааб гази табиӣ арзёбӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати энержии Қазоқистон низ 21 октябр гуфт, иттиҳодияи NCOC, ки ба он ширкати давлатии қазоқии "КазМунайГаз" ва чанд ширкати энержии хориҷӣ бо шумули "Shell" шомиланд, аз коркарди кони Каламкас-баҳр худдорӣ карданд.
Кони Каламкас-баҳр низ агар то охири моҳи октябри соли равон нақшаи рушдаш пешниҳод нашавад, дубора ба ихтиёри ҳукумати Қазоқистон мегузарад. Дар ин сурат масъалаи ҷалби сармоягузорони нав низ барои коркарди он матраҳ хоҳад шуд.