Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Узбекистон вазифадор шуд, ба соҳибкори турк $40 млн ҷуброн пардозад

Додгоҳи ҳакамии байналмилалӣ ҳукумати Узбекистонро вазифадор кард, ки ба ширкати туркии "Gunes Tekstil Konfeksiyon Sanayi ve Ticaret Ltd" $40 миллион ҷуброн пардозад. Дар ин бора нашрияи "Global Arbitration Review" (GAR) иттилоъ дод.

Шаҳрванди 50-солаи Туркия Воҳид Гюнеш, ки солҳои 2004-2011 дар шаҳри Тошканд фурӯшгоҳи "Turkuaz"-ро таъсис дода буд, ҳукумати Узбекистонро ба додгоҳи ҳакамии байналмилалӣ кашида, талаб кард, дороии мусодирашуда дар моҳи апрели соли 2012 баргардонида шавад.

Маркази байналмилалии ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ, ки мақараш дар ИМА аст, (ICSID) шикояти соҳибкори туркро 7 сол баррасӣ ва ниҳоят 4 октябри соли равон қарор кард, ки ҳукумати Узбекистон бояд дар ҳаҷми 40 миллион доллар ҷуброн пардозад.

Бино ба маводи парванда, ширкати туркии Gunes Tekstil Konfeksiyon Sanayi ve Ticaret Ltd бо айби ҳукумати Узбекистон 180 миллион доллар хисорот дидааст. Тошканди расмӣ то ҳол ин қарори ICSID-ро шарҳ надодааст.

Ёдрас мешавем, Воҳид Гюнеш пас аз 7 соли фаъолият дар Узбекистон боздошт ва 9 моҳ дар ҳабс нигаҳ дошта шуд. Додгоҳи Узбекистон ӯ ва ҳафт соҳибкори дигарро дар саркашӣ аз пардохти андоз ва "мусоидат ба иқтисоди соягӣ" айбдор кард. Фурӯшгоҳи "Turkuaz" баста шуд.

Айби соҳибкорон пас аз пардохти 700 ҳазор доллар ба мақомоти Узбекистон сабук ва аз кишвар ихроҷ карда шуданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Сабти 39 мавриди дигари гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 39 мавриди дигари гирифторӣ ба коронавируси навро сабт кардаанд. Намояндагони Вазорати тандурустӣ гуфтанд, аз охири моҳи апрел то 24-уми ноябр дар умум 11971 нафар бемор шуд, 94,8 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Тасдиқи дурустии иттилоъ аз манобеи мустақил ғайриимкон аст. Мақомот талафот аз бемориро дар кишвар 86 нафар шумурдаанд. Аммо баъзе аз сокинону мутахассисон ба омори расмӣ дар бораи беморони коронавируси нав ва маргу мир аз он дар Тоҷикистон шубҳа доранд. Онҳо мегӯянд, миқёси беморӣ ва фавти одамон метавонад аз маълумоти расмӣ ба маротиб бештар бошад.

Радиои Озодӣ рӯйхати қурбониёни коронавирус ва илтиҳоби шушро барои нашр омода кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

Дидори Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко дар Маскав

Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко

Дар Маскав мулоқоти раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор гашт. Ин сафари нахустини ӯ дар ин мақом ба Русия аст.

Дар мулоқоти рӯзи 24-уми ноябр зикр шуд, ки ду кишвар бояд робитаҳоеро, ки дар асари ҳамагири КОВИД-19 ба мушкил рӯбарӯ шудаанд, барқарор кунанд ва густариш диҳанд.

Бино бар маълумоти сомонаи расмии Шӯрои Федератсияи Русия, мулоқот бо ширкати ҳайатҳои ду ҷониб баргузор шуда, дар он тарафҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро коршарикии стратегӣ унвон кардаанд. Раиси палатаи болоии порлумони Русия рушди ҳамкориҳоро “начандон бад” номидааст. Рустами Эмомалӣ гуфтааст, Тоҷикистон ба ҳамкории гуногунсамт бо Русия таваҷҷуҳи зиёд медиҳад ва “ҳамкориҳои порлумонӣ як бахши бунёдии ин равобит” аст.

Хабаргузориҳои Русия дар бораи ин дидор ҷузъиёти зиёд наовардаанд. Аз ҷумла, маълум нест, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони тоҷикистониро баррасӣ кардааст ё на.

Матвиенко хабар додааст, ки Рустами Эмомалӣ рӯзи 25-уми ноябр бо шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ва ноиби сарвазири Русия, ҳамраиси кумиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия Алексей Оверчук дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Ҳамчунин қарор аст, ҷаласаи комиссияҳои байнипорлумонии ду давлат ҷараён гиранд.

Ҳарчанд Матвиенко ба "арзишмандии амалии ин комиссия дар тӯли солҳои мавҷудияташ" ишора кард, дар ин солҳо ҳайати мазкур ба ҳалли мушкилоти асосии байни ду давлат, яъне вазъи муҳоҷирон даст наёфта, таъсири он ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бузург арзёбӣ намешавад.

Узбекистон тасмим дорад, барои ҳар шаҳрвандаш ваксина бигирад

Санҷиши сокинон дар гузаргоҳи "Достук", марзи Узбекистону Қирғизистон

Узбекистон барои ҳар шаҳрвандаш як моя (доза)-и ваксинаи зидди COVID-19 супориш додааст. Дар ин бора нашрияи The Economist хабар дод.

Нашрия ҳамзамон рӯйхати кишварҳоеро нашр кард, ки мояи ваксинаи зидди COVID-19 супориш додаанд. Дар ин рӯйхат номи Ҳинд, Бразилия ва кишварҳои дигари Амрикои Лотинӣ, Индонезия ва Узбекистон зикр шудаанд. Ҳамаи ин кишварҳо барои тамоми шаҳрвандонашон як мояӣ супориш додаанд.

Канада, ба фарқ аз кишварҳои дигар, барои ҳар кадом шаҳрвандаш 10 мояи ваксина дархост додааст. Австралия ва Бритониё ба ҳисоби миёна барои ҳар кадом шаҳрванд 6 моя, Амрико ва кишварҳои аврупоӣ 3-мояӣ, Ҷопону Непал 2-мояӣ супориш додаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон озмоиш ё санҷиши марҳилаи севуми ваксинаи Чин ба зидди коронавирус идома дорад. Пештар хабар расида буд, ки Узбекистон тасмим дорад, то моҳи июни 2021 ҳудуди 60 дарсади аҳолиашро ваксин занад.

Норозиёни ислоҳи Қонуни асосӣ дар Қирғизистон имзо ҷамъ меоранд

Қонуни асосии Қирғизистон

Дар Қирғизистон ба зидди қабули тарҳи нави Конститутсия имзо ҷамъ меоранд. Дар ин бора рӯзи 23-юми ноябр ташаббускорони ҷамъоварии имзо хабар доданд. Ҷамъоварии имзо дар сомонаи www.stop-referendum-kg.com сурат мегирад.

Ташаббускорон гуфтанд, тасмим доранд, ҳадди ақал 500 ҳазор имзо ҷамъ оваранд ва ба ин тартиб, қонун дар бораи баргузории ислоҳот ва интихоботи порлумониро бозхонд кунанд.

"Агар ҳоло мо ба ислоҳоти конститутсионӣ роҳ диҳем, пас, баъди чанд сол дубора ба ин масир бармегардем. Ва Қирғизистон бори дигар вориди табаддулоти давлатӣ мешавад", - гуфт Сония Токтоғозиева, ҳуқуқшинос ва коршиноси қонунгузории конститутсионӣ дар Қирғизистон.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 17-уми ноябр тарҳи нави Қонуни асосиро ба баррасии умум гузошт. Тарҳи ислоҳот ба Конститутсияро 80 вакили порлумон пешниҳод кардаанд, аммо муаллифи тарҳи қонун то кунун номаълум аст.

Бино ба тарҳи нави Конститутсияи Қирғизистон салоҳиятҳои президент васеътар шуда, қурултойи мардумӣ ҳамчун шохаи ҳокимият ба эътибор гирифта шудааст. “Президент раиси давлат буда, ҳукумати иҷроияро идора мекунад ва сиёсати дохиливу хориҷиро муайян месозад”, -- омадааст дар тарҳи нав. Президент метавонад, ду давраи панҷсола интихоб шавад ва сохтору ҳайати ҳукуматро муайян кунад. Дар тарҳи нави Қонуни асосии Қирғизистон шумораи вакилон аз 120 нафар ба 90 кас оварда шудааст.

Ҷомеи Қирғизистон аз ин тарҳ розӣ нест ва онро ҷамъоварии қудрат дар дасти як нафар унвон мекунад. Рӯзи 22-юми ноябр садҳо сокини Бишкек ба кӯча баромада, ба зидди тарҳи нав эътироз карданд.

Раиси Бунёди иҷтимоии Қирғизистон бо гумони тамаъҷӯӣ ҳабс шуд

Медер Ирсалиев, раиси Бунёди иҷтимоии Қирғизистон.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 20 ноябр раиси Бунёди иҷтимоии Қирғизистон Медер Ирсалиевро то 17 январи соли 2021 ҳабс кард.

Дар хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Қирғизистон гуфтанд, ки Ирсалиев ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад.

Ирсалиевро 18 ноябр дар доираи парвандаи тамаъҷуии мунтазам аз воҳидҳои Бунёди иҷтимоӣ дастгир карданд.

Пештар хабар дода шуд, ки як гуруҳи мансабдорони баландпояи Бунёди иҷтимоии Қирғизистон ба таври мунтазам ва иҷборӣ аз мудирони воҳидҳои ин ниҳод маблағ талаб мекардаанд.

Медер Ирсалиев моҳи майи соли 2018 бо қарори сарвазири вақти Қирғизистон Муҳаммад Абилғозиев раиси бунёди мазкур таъйин шуда буд. Ӯ то ин дам муовини аввали раиси бунёд буд.

Таркиш дар наздикии Тошканд ба сабаби таъмири бесифати лӯлаи газ

Яке аз маҳаллаҳои шаҳри Тошканд. Акс аз бойгонӣ.

Таркиш дар ноҳияи Қибрайии вилояти Тошканди Узбекистон, ки дар натиҷаи он падару писаре фавтиданд, ба далели таъмири бесифати лӯлаи газ рух додааст.

Рӯзи 23 ноябр Додситонии кулли Узбекистон дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

"Дар натиҷаи тафтишот муайян шуд, ки таъмири лӯлаи газ дар наздикии манзилҳои зист бе сифат сурат гирифта ва ин боиси таркиш шудааст", - хабар медиҳад Додситонии кулли Узбекистон.

Мақомоти он кишвар мегӯянд, лӯлаи газ сурох ва дар таҳхонаи манзили баландошёна газ ҷамъ шуда, дар натиҷа боиси таркиш шудааст.

Пештар аз ин расонаҳо хабар дода буданд, ки дар кӯчаи Гулистон-3, дар ноҳияи Қибрайии вилояти Тошканд падару писаре дар натиҷаи таркиш фавтидаанд.

Песков гуфт, дар Русия вазъи эпидемиологӣ то рафт бадтар мешавад

Дар Русия дар шароити пандемия омодагиҳо ба Соли нав ҳам идома дорад. Дар Майдони Сурх рӯзи 23-юми ноябр арчаи солинавиро гузоштанд

Мақомоти Русия мегӯянд, дар шароити пандемия низоми беҳдошти Русия дар режими бисёр сангин кор мекунад, вале, ба таъкиди мақомот, вазъият таҳти назорат аст. Дар ин бора сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи 24-ми ноябр дар нишасти матбуотӣ дар Маскав гуфт.

“Вазъи эпидемиологӣ то рафт сангинтар мешавад. Ин як чолиши беҳдоштӣ аст, ки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бо он рӯбарӯ шуданд. Дар таърихи навтарин инсоният бо чунин чолишҳо рӯбарӯ нашудааст. Низоми беҳдоштӣ дар як режими бисёр сарборӣ кор мекунад, вале, бо ин вуҷуд, ба ҷуз чанд манотиқи дорои мушкил, вазъият дар маҷмӯъ таҳти назорат аст”.

Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дар Русия шумори олудашудаҳо ба коронавирус аз 2,1 миллион нафар гузашта, шумори фавтидаҳо аз 36,6 ҳазор нафар бештар мебошад. Рӯзона дар саросари Русия ба ҳисоби миёна беш аз 24 ҳазор нафари нав ба коронавирус олуда мешавад.

Дар мурофиаи Шамсуддинов шоҳидон аз озори таҳқиромези сарбозон гуфтанд

Мурофиаи додгоҳии Рамил Шамсуддинов дар додгоҳи шаҳри Чита ҷараён дорад

Дар аввалин баёнияҳои шоҳидони куштори ҳашт низомӣ, ки дар он сарбоз Рамил Шамсуддинов айбдор мешавад, ҳамхидматҳояш аз шаклҳои бисёр сангину таҳқиромези меҳтарсолорӣ дар қисми низомӣ нақл карданд. Шамсуддинов баъди куштори моҳи октябри соли 2019 дар қисми ҳарбии Горнии минтақаи Забайкалеи Русия ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Шоҳиди аввал Дмитрий Коновалов дар ҷараёни мурофиаи додгоҳии 23-юми ноябр гуфтааст, ки яке аз кушташудаҳо лейтенант Даниил Пянков Шамсуддиновро маҷбур мекард, ки ҳоҷатхонаву ҳаммомро тоза кунад. Ӯ таҳдид мекард, ки агар ин ҷойҳо тоза нашавад, “бо рӯяш атрофи туалетро тоза мекунад”. Барои ифлос будани ҳоҷатхона Шамсуддинову дигар ҳамхидматҳояшро маҷбур мекарданд, ки сарулибоси ҳифозатии махсусро бипӯшанд. Пянков гуфтааст, ки талабот барои тоза нигоҳ доштани ҳоҷатхона аз меъёр сахттар буд, вале барои ин набояд инсон кушта мешуд. Ба илова, Шамсуддинову ду ҳамхидмати дигарашро дар долони бинои марказии қисми ҳарбӣ маҷбур мекарданд, ки истода оинномаро азёд кунад. Худи Шамсуддинов гуфт, ки чанд рӯз пеш аз куштор ӯро аз хоб маҳрум карда, маҷбур мекарданд, ки оинномаро рост истода азхуд кунад ва дар як шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат ваё ним соат иҷозаи хоб медоданд.

Сарбозон гуфтанд, ки ҳамхидматҳояш ӯро азият мекарданд ва яке аз афсарон таҳдид кард, ки ба номусаш таҷовуз мекунад. Дар вазорати дифои Русия эътироф карданд, ки Шамсуддинов бо яке аз афсарон мушкил дошт ва чанде баъд бар асоси парвандаи меҳтарсолорӣ (“дедовшина”) парванда боз шуд. Як сарбоз ба ду соли шартии зиндон маҳкум шуд.

Ашраф Ғанӣ аз хатари коҳиши кӯмакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон ҳушдор дод

Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳушдор дод, ки ҳама гуна коҳиш дар ҳаҷми кӯмакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон ба хадамоти ҷамъиятӣ, фаъолиятҳои иқтисодӣ ва мизони зиндагии мардум дар ин кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Ғанӣ рӯзи 24-уми ноябр зимни суханронӣ дар ҷаласаи кишварҳову созмонҳои ёрирасони Афғонистон дар Женева гуфт, кӯмаки байналмилалӣ “на танҳо барои рушд, балки барои ҳифзи сулҳ муҳим аст”. Конфронси Женева ҳам бо роҳи онлайнӣ ва ҳам ҳузурӣ ҷараён мегирад ва ин дар ҳолест, ки ҳукумати Афғонистон ва ҷангиёни Толибон дар Қатар дар музокироти сулҳ ба пешрафте даст наёфтаанд ва мизони хушунатҳо дар саросари Афғонистон кам намешавад. Илова ба он, президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки то миёнаҳои моҳи январ шумори нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистонро коҳиш медиҳад. Ғанӣ гуфт, “созиши сиёсӣ бо Толибон базудӣ ниҳоӣ мешавад. Вале дар шароити бад шудани даромадҳо, поинравии сифати хадамот ва болоравии бекорӣ дастёбӣ ба сулҳи пойдор душвор мешавад”. Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки бино ба пешбиниҳои Бонки Ҷаҳонӣ иқтисоди Афғонистон 5,5 дар сад кам хоҳад шуд ва пандемия ҳам боиси бад шудани вазъи башарӣ дар кишвар мешавад. Вале мақомот мегӯянд, ки назар ба чор соли пеш, ҳоло эҳтимолан кӯмаки камтар дастрас шавад. Соли 2016 мизони ёриҳои байналмилалӣ ба Афғонистон, ки дар конфрони Брюссел мувофиқа шуда буд, барои солҳои 2017-2020 15,2 миллиард долларро ташкил дода буд.

Мошини журналисти Znak.com оташ зада шуд

Акс аз бойгонӣ

Афроди номаълум дар шаҳри Челябински Русия мошини як журналисти вебсайти хабарии мустақилро оташ заданд. Вебсайти Znak.com гуфт, ки хароб кардани мошини журналист Марина Малкова ба фаъолияти касбии ӯ рабт дорад. Ҳодиса шаби гузашта рух дод. Ба иттилои Znak.com, Малкова дар хона буд, ки ногаҳон садои баланди монанд ба таркишро шунид ва баъди он дид, ки мошинаш оташ гирифтааст. Дар наворҳои видеоӣ ду нафари ношиносе сабт шудаанд, ки аз макони сӯхтор фирор мекунанд. Нашрия гуфт, дар ҳоле, ки дар таваққуфгоҳ чанд мошини дигар ҳам истода буд, оташ гирифтани мошини журналист ба он маъност, ки он махсус мавриди ҳадаф қарор дода шуд. Малкова бо гузоришҳояш дар бораи фасод дар миёни мақомдорон ва кормандони ҳифзи қонун маъруф аст. Дар гузоришҳои ахири Малкова шеваи бархӯрди мақомот бо COVID-19 мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Раисони 6 шаҳру ноҳияи Тоҷикистонро иваз карданд

Кохи Миллат

Бино ба фармонҳои нави раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 24-уми ноябр нашр шуд, раисони шаш шаҳру ноҳия иваз шудаанд. Сабаби барканории аксари онҳоро "гузаштан ба вазифаи дигар" гуфтанд. Тағйироте, ки мухолифон ҳамвора танқид мекунанд ва онро бештар ҷойивазкунии кадрҳои кӯҳна меноманд.

Киҳо рафтанд:

  • Кишвар Шамиров аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғ;
  • Акрам Сулаймонзода аз вазифаи раиси шаҳри Исфара;
  • Рустам Акрамзода аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ;
  • Нусратулло Аюбзода аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав;
  • Миралӣ Раҷабзода аз вазифаи раиси ноҳияи Файзобод;
  • Тоҳирхон Амиршозода аз вазифаи раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон.

Киҳо омаданд:

Ширкати ҳавоии Австралия: Эҳтимол барои парвозҳои байналмилалӣ воксинаи зидди коронавирус талаб мешавад

Ҳавопаймои Boeing 787 аз Сидней дар Лондон фуруд омадааст

Раҳбари ширкати азими ҳавоии Австралия тахмин кард, ки ширкатҳои интиқолдиҳандаи бор дар ҷаҳон эҳтимолан баъди дастрас шудани воксинаҳои зидди коронавирус аз мусофирон талаб кунанд, ки ҳатман санади эмкуниро пешниҳод кунанд. Алан Ҷойс, раҳбари кулли ширкати Qantas рӯзи 23-юми ноябр гуфт, ки дар сурати ҷорӣ шудани чунин қарор онҳо низ онро иҷро хоҳанд кард. Ҷойс дар сӯҳбат бо телевизиони маҳаллӣ гуфт,

“Мо тағйироти қоидаву муқарраротро интизор ҳастем, то ки ба мусофирони парвозҳои байналмилалӣ бигӯем, ки пеш аз нишастан ба ҳавопаймо эм карда шаванд”. Ӯ гуфт, ки чунин тадбир барои меҳмонҳои аз хориҷа ба Австралия сафаркунанда ва ҳам барои ҳамватанонаш, ки ба хориҷа парвоз мекунанд, бисёр амри зарурӣ аст. Ҷойс гуфт, ки доштани “шиносномаи эмкунӣ” як таҷрибаи маъмулӣ хоҳад буд.

Тарс аз афзоиши олудашавӣ ба COVID-19 дар остонаи иди "Шукргузорӣ" дар ИМА

Иди "Шукргузорӣ" ҷашни миллии амрикоиҳо буда, онро дар ҳама хонаводаҳо, аз ҷумла президент Доналд Трамп ҳам таҷлил мекунанд. Муҳимтарин ороиши дастархони идона - мурғи марҷон мебошад

Бо вуҷуди ҳушдорҳои батакрори мақомот дар ИМА барои худдорӣ аз таҷлили ҷашни суннатии “Шукргузорӣ”, хатари нодида гирифта шудани ин даъватҳову афзоиши ҳодисаҳои олудашавӣ ба коронавирус вуҷуд дорад. Даҳҳо миллион амрикоиҳо мехоҳанд имсол ҳам ҷашнро дар ҳалқаи оилаву наздиконашон пешвоз гиранд. Дар қиёс бо ИМА, дар Мексикаи ҳамсоя бо сабаби пандемияи коронавирус калисои католикии Рум маросими азими зиёрати маконҳои муқаддаси динӣ дар Гваделупаро бекор кард.

Дар Олмон мақомоти маҳаллӣ маҳдудиятҳои амалкунандаро то 20-уми декабр тамдид карданд ва қарори ниҳоиро ҳукумати федеролӣ қабул мекунад. Қарор аст мавзӯи пандемия рӯзи 25-уми ноябр дар маркази таваҷҷӯҳи садри аъзам Ангела Меркел қарор гирад. Мақомоти Иттиҳоди Аврупо қаблан гуфтанд, тадбирҳои боздорандаи паҳншавии коронавирус дар Олмон “номутаносиб” аст. Дар ҳамин ҳол дар Фаронса, ки аз моҳи октябр бори дуюм чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ шуданд, интизор меравад, ки ҳодисаҳои олудашавиву бистаришавиҳои нав коҳиш меёбад. Рӯзи 24-уми ноябр президент Эммануэл Макрон суханронӣ мекунад ва эҳтимол дорад, ки дар бораи сабуктар шудани чораҳои боздорандаи пандемия дар остонаи ҷашни Милоди Масеҳ изҳорот бидиҳад.

Парвандаи як зан, ки 4 фарзандашро бӯғӣ кард, ба додгоҳи Хатлон рафт

Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон.

Додгоҳи вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи як зан, ки чаҳор фарзанди ноболиғашро тариқи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонд, оғоз мекунад. Ҳодисаи қатли ин чаҳор ноболиғ рӯзи 9-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониён рух дода буд.

Як масъули Додгоҳи вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баррасии ин парванда рӯзи панҷшанбеи 26-уми ноябр оғоз мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, нисбати Назокатхон Тоирова бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "куштор" парванда боз шудааст. Таҳқиқотро додситонии вилоят анҷом дода, ба додгоҳ ирсол кардааст.

Дар пайи ин ҳодиса эҳтимол мерафт, ки ӯ бемории равонӣ аст. Аммо як мақом аз Додгоҳи вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ташхиси анҷомшуда бемории равонӣ доштани занро нагуфтааст, аммо тафсилоти бештарро бо оғози муҳокимаи додгоҳӣ дар миён мегузоранд. Баъзе аз равоншиносон гуфтанд, ки ин ҳодиса метавонад дар заминаи ошуфтагии сахт рух дода бошад.

Шавҳари ин зан дар сохтмон кор мекардааст ва рӯзи ҳодиса дар хона набудааст. Ба гуфтаи оноҳое, ки хонаводаро аз наздик мешиносанд, Назокатхон Тоирова ҷанҷоли оилавӣ надошт ва бемори равонӣ ҳам набуд.

Дар солҳои ахир чанд ҳодисае расонаӣ шуд, ки занон ҳамроҳ бо фарзандон қасд ба ҷони худ карданд. Моҳи августи имсол як зани 30-сола дар ноҳияи Рашт худ ва се кӯдакашро ба дарё партофта, худкушӣ кард. Кӯдакон 3, 6 ва 9-сола буданд.

Соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродоваи 25-сола аз Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Пеш аз ин як модари ҷавон дар ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, худ наҷот ёфт, вале боис ба ҳалокати се кӯдакаш шуд.

Киштии чинӣ барои омӯзиши қишри Моҳ ба кайҳон рафт

Парчамҳои коммунистӣ дар роҳ ба Истгоҳи кайҳонии Венчанг, воқеъ дар вилояти Ҳайнан қомат афрохтаанд. Аз ин истгоҳ субҳи 24-уми ноябр киштие барои омӯзиши қишри Моҳ ба кайҳон фиристода шуд

Рӯзи 24-уми ноябр Чин як киштии бесарнишинро ба кайҳон фиристод, то намунаҳое аз қишри Моҳро барои таҳқиқ биёрад. Истгоҳи "Чанъэ-5" бомуваффақият аз киштӣ ҷудо шуда ба мадори Замин ворид шуд. Интизор меравад, ки ковишгар ё киштии таҳқиқотии кайҳонӣ рӯзи якшанбе дар рӯи Моҳ фуруд меояд. Дар давоми ду ҳафта ковишгар бо ҷамъоварии намунаҳои хоку санги “Уқёнуси тӯфон” машғул мешавад, ки онро донишмандон баҳри азимтарин дар қишри Моҳ меноманд ва он дар қисмати дидашавандаи он ҷойгир аст. Қаблан ин ноҳияи Моҳ таҳқиқ нашуда буд.

Дар сурати анҷоми муваффақиятомези ин ҳайат, Чин дар 44 соли охир аввалин кишваре хоҳад буд, ки тарҳи интиқоли намунаҳои геологии қишри рӯи Моҳро анҷом медиҳад. Дар гузашта чунин корҳоро ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом додаанд. NASA – оҷонсии кайҳоннавардии ИМА изҳори умедворӣ кард, ки Чин дар поёни маъмурияти "Чанъэ-5" маълумоти бадастомадаро бо онҳо низ дар миён мегузорад.

Дар Қирғизистон зидди ислоҳоти Конститутсия имзо ҷамъ меоранд

Бишкек, Қирғизистон. 22 ноябри соли 2020.

Дар Қирғизистон зидди қабули тарҳи нави Конститутсия имзо ҷамъ меоранд. Дар ин бора рӯзи 23 ноябр ташаббускорони ҷамъоварии имзо хабар доданд.

Ҷамъоварии имзо дар сомонаи www.stop-referendum-kg.com сурат мегирад.

Ташаббускорон гуфтанд, тасмим доранд, ҳадди ақал 500 ҳазор имзо ҷамъ оваранд ва ба ин тартиб, қонун дар бораи баргузории ислоҳот ва интихоботи порлумониро бозхонд кунанд.

"Агар ҳоло мо ба ислоҳоти конститутсионӣ роҳ диҳем, пас баъди чанд сол дубора ба ин масир бармегардем. Ва Қирғизистон бори дигар вориди табаддулоти давлатӣ мешавад", - гуфт Сания Токтоғозиева, ҳуқуқшинос ва коршиноси қонунгузории конститутсионӣ дар Қирғизистон.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 ноябр тарҳи нави Қонуни асосиро дар баррасии умум гузошт. 80 вакили порлумон қонуни мазкурро дар бораи ворид кардани ислоҳот ба Конститутсияро пешниҳод кардаанд. Аммо муаллифи тарҳи қонун то кунун номаълум аст.

Дар тарҳи нави Конститутсияи Қирғизистон салоҳиятҳои президент васеътар шуда, курултойи мардумӣ ҳамчун шохаи ҳокимият ба эътибор гирифта шудааст. Президент раиси давлат буда, ҳукумати иҷроияро идора мекунад ва сиёсати дохиливу хориҷиро муайян месозад, омадааст дар тарҳи нав. Президент метавонад, ду давраи панҷсола интихоб шавад, сохтор ва ҳайати ҳукуматро муайян созад. Шумори вакилон дар тарҳи нави Қонуни асосии Қирғизистон аз 120 нафар ба 90 кас оварда шудааст.

Ҷомеи Қирғизистон аз ин тарҳ розӣ нест ва онро ҷамъоварии қудрат дар дасти як нафар унвон мекунад. Рӯзи 22 ноябр садҳо сокин дар шаҳри Бишкек ба кӯча баромада, зидди тарҳи нав эътироз карданд.

Роҳбари ҳизби "Ота Макон": Қарори додгоҳ дар бораи маҳрум кардани ман аз вакилӣ сиёсист

Омурбек Текебоев, раиси ҳизби "Ота Макон".

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 23 ноябр даъвои фаъоли шаҳрвандӣ Темирлан Ормуковро дар бораи бекор кардани мандати вакилии Омурбек Текебоев қонеъ кард.

Ин иттилоъро Омурбек Текебоев, раиси ҳизби "Ота Макон" тасдиқ кард. Текебоев гуфт, ки ин қарор сиёсист. "Бояд бигӯям, ки ин қарор сиёсист. Ҳолатҳое буд, ки роҳбарияти имрӯзаи кишвар дар пеши чашми роҳбарони фраксияҳои дигари порлумонӣ маро тарс медоданд, мегуфтанд, ки "даркор шавад, мандататро мегирем". Додгоҳҳо ҳамон фармоишҳои сиёсиро иҷро мекунанд", - гуфт Текебов.

Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон ин хабарро ҳоло шарҳ надодааст.

Мандати вакилӣ ба раиси ҳизби "Ота Макон" рӯзи 15 октябри соли 2020 дода шуд. Он замон намояндаи ҳизб дар порлумон Содиқ Шерниёз аз мандат даст кашид ва ба ин тартиб, Текебоев ба порлумон роҳ ёфт.

Текебоев дар соли 2017 бо айби фасодкорӣ 8 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳ моҳи августи соли 2019 ӯро аз зиндон ба ҳабси хонагӣ фиристод.

Барканории мудири мактаб дар Андиҷон баъди бо либоси тунук ба кӯча баровардани хонандагон

Мактаби рақами 43-и Андиҷон.

Дар шаҳри Андиҷони Узбекистон мудир ва муовини мудири мактаби №43 баъди он аз мақом барканор шуданд, ки хонандагонро дар ҳавои сард бо либоси тунук барои афроштани парчам ба кӯча бароварданд.

Дар бораи барканории мудир ва муовинаш рӯзи 23 ноябр Раёсати маорифи халқии вилояти Андиҷони Узбекистон хабар дод.

Дар хабари Раёсат омадааст, ки ҳодиса ба кӯча баровардани хонандагон рӯзи 19 ноябр сурат гирифтааст.

Гуруҳи корие, ки барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур ташкил шудааст, хабар дод, кӯдакон ҳамагӣ 2-3 дақиқа дар берун қарор доштанд ва баъдан ба синфхонаҳо даромаданд.

Дар хабари расмӣ омадааст, ки волидон нисбати ин ҳодиса эътирозе накардаанд.

Аммо сарфи назар аз ин, мудир ва муовини мудири мактаби №43 аз мақом барканор шуданд.

Рӯзи 22 ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе нашр шуд, ки дар он хонандагон бо парчамҳои Узбекистон ва бо либоси нисбатан тунук дар ҳавои сард дар берун қарор доштанд. Дар канори хонандагон мардон ва заноне ҳам дида мешуданд, ки дар тан либоси зимистонӣ доштанд.

Ба ҳайати Украина иҷозат нашуд, бо сарвазири Қазоқистон мулоқот кунад 

Сарвазири Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Ҳайати ҳукумати Украина ба раҳбарии вазири зербиноии ин кишвар Владислав Криклий, ки дар доираи як сафар вориди шаҳри Нурсултон шуданд, натавонистанд бо сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин мулоқот кунанд.

"Барои таъмини амнияти иштирокдорони вохӯриҳо дар шароити пандемия риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла доштани маълумотнома дар бораи мубтало нашудан ба коронавирус зарур аст. Бинобар ин, сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин ба далели он ки муҳлати маълумотномаи ҳайати Украина дар мавриди мубтало набудан ба вирус сипарӣ шуда буд, натавонист бо Владислав Криклий мулоқот кунад",-иттилоъ додааст хадамоти матбуотии ҳукумати Украина.

Владислав Криклий бори нахуст нимаи аввали моҳи ноябр ба Қазоқистон рафта буд. Он замон миёни вазоратхонаҳои саноат ва зербиноии Қазоқистону Украина ёддошти ҳамкорӣ имзо шуда буд. Мулоқоти ӯ бо сарвазири Қазоқистон бояд 12 ноябр баргузор мешуд, вале ҳайати Украинаро ба ҷои сарвазир муовини ӯ Роман Скляр ба ҳузур пазируфт.

​Криклий ва атрофиёнаш гуфтанд, бо назардошти ин ки мулоқоти онҳо бо Аскар Мамин 10 ноябр баргузор мешавад, 6 ноябр аз санҷиши коронавирус гузаштанд. Вале баъди ворид шудани ҳайат ба Қазоқистон мулоқот ба рӯзи 12 ноябр гузошта шуд ва бинобар ин, муҳлати санҷиш аз вирус сипарӣ гашт.

Вазорат гуфт, рӯзи гузашта дар Тоҷикистон касе аз КОВИД-19 нафавтидааст

Дохили яке аз мошинҳои Ёрии таъҷилӣ дар Душанбе

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 23-уми ноябр эълон кард, ки шумораи афроди фавтида бар асари сироят ба коронавирус тағйир наёфтааст ва ин ниҳод сабаби марги танҳо 86 нафарро аз вируси нав тасдиқ мекунад.

Коршиносон ба омори расмӣ бовар надоранд ва мегӯянд, теъдоди фавтидаҳо ба маротиб бештар аст.

Ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд. Вазорати тандурустӣ гуфт, дар умум омори беморон то 23-уми ноябр ба 11 ҳазору 932 нафар расидааст. Ба иддаои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар кишвар беш аз 94 дарсади беморон шифо ёфтаанд. Аммо муттахасисон омори расмиро дар бораи беморони коронавируси нав ва маргу мир аз он дар Тоҷикистон зери шубҳа мегузоранд. Онҳо мегӯянд, миқёси беморӣ ва фавти одамон метавонад аз маълумоти расмӣ ба маротиб бештар бошад.

Дар Қирғизистон тарҳи Сарқонуни навро зидди ҳуқуқи инсон номиданд

Раҳпаймоии зидди лоиҳаи нави Қонуни асосии Қирғизисттон дар Бишкек. 22 ноябри соли 2020

Сардори Маркази пажӯҳишҳои башарии Академияи миллии улуми Қирғизистон Чопон Койчуманова 23 ноябр дар ҷаласаи Маҷлиси конститутсионӣ банди 23-и лоиҳаи Қонуни асосии нави ин кишварро ба баҳс кашид.

Дар ин банд омадааст, "фаъолияти расонаҳо, аз ҷумла чопӣ, электронӣ, телевизионӣ ва чорабиниҳои ҷамъиятие, ки хилофи арзишҳои ахлоқии эътирофшудаи умум, анъанаҳои мардуми Қирғизистон ва меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд, манъ аст".

"Ҳар кас мафҳуми арзиш ва анъанаро ҳар хел мефаҳмад. Имрӯз кӣ муайян мекунад, ки арзишҳо ва анъанаҳо кадоманд? Онҳоро бояд дар қонун ҷой дод, вале ин корро касе намекунад, зеро арзишҳову анъанаҳо гуногунанд. Бар асоси ин банд, дилхоҳ одамеро, ки суханҳояш писанд намеоянд, метавон ба ҷавобгарӣ кашид. Ҷомеа ин бандро интиқод дорад. Он ихтилофҳои бузургеро ба бор хоҳад овард. Инҷо нақзи бузурги ҳуқуқи инсон мушоҳида мешавад", - изҳор дошт сардори марказ.

Иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон Талант Мамитов 20 ноябр бо имзои фармоне Маҷлиси конститутсиониро таъсис дод. Онро мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва байналмилалии Донишгоҳи словянии Қирғизистону Русия Бекбосун Борубашев раҳбарӣ мекунад.

Лоиҳаҳои Конститутсияи нав ва қонуни таъйини раъйпурсӣ дар рӯзи 10 январро сомонаи порлумони Қирғизистон 17 ноябр нашр кард. Лоиҳаи қонун баъди як моҳи баррасии умум ба порлумон пешниҳод мешавад.

Дар Конститутсияи нав салоҳиятҳои президент бештар ва таъсис шӯрои мардумӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи он, президент раҳбари давлат ва мақомоти иҷроия аст.

Ду мансабдори баландпояи ҳукумати Ёвонро боздошт кардаанд

Даромадгоҳ ба ноҳияи Ёвон

Ду мансабдори баландпояи ҳукумати ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо гумони даст доштан дар "хилофкорӣ ва тақсими нодурусти қитъаи замин барои бунёди манзил" боздошт шудаанд.

Қарори боздошти Аскар Набизода, муовини раиси ноҳияи Ёвон ва Хайриддин Саидмуродзода, раиси Идораи замини ноҳия пас аз санҷиши Додситонии вилояти Хатлон содир шудааст.

Назари пайвандони боздоштшудаҳо маълум нест ва гуноҳи онҳо ҳанӯз исбот нашудааст.

Ду ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати Ёвон рӯзи 23-юми ноябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шудани ин ду мақомдорро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, қабл аз ин, як ҳайат аз мақомоти додситонӣ дар вилояти Хатлон ба тафтиши қонунгузорӣ дар робита ба тақсиму ҳуҷатгузории замин ба ҳукумати Ёвон омада буданд.

"Дар маҷлиси охири ҳукумати ноҳия эълон карданд, ки Аскар Набизода бинобар талаботи ҷойивазкунии кадрҳо (ротатсия) аз вазифаи муовини раиси ноҳия сабукдӯш карда шуд. Хайриддин Саидмуродзода низ дар маҷлисҳо ҳузур надорад, чун гуфта мешавад, ӯ дар рухсатии меҳнатист", ‑‑ афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, Аскар Набизода ва Хайриддин Саидмурозода тақрибан ду ҳафта пеш боздошт шудаанд.

Дар Додситонии вилояти Хатлон аз ифшои ҷузъиёти боздошти ин ду мансабдор ба далели халал ворид нашудан ба тафтишот худдорӣ варзиданд.

Боздошти ин ду мансабдори ноҳияи Ёвон дар ҳолест, ки солҳои охир ҳодисаҳои ришватхорӣ ҳангоми тақсими замин ва хилофкориҳо дар ин замина афзоиш ёфтаанд.

Президенти Тоҷикистон ду сол қабл дар як суханронӣ аз афзоиши ҳолатҳои заминфурӯшии мансабдорон изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ин мушкил ба "як дарди бедаво" табдил шудааст. Ба назар мерасад, ин таъкид таъсир надошт, ки шумори парвандаҳои заминфурӯшӣ ҳамоно рӯ ба афзоиш аст.

Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, тамаъҷӯии мансабдорон зиёдтар аз ҳама ҳангоми тақсими замин барои бунёди хона ва замин барои кишоварзӣ рух медиҳад.

Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (OCED) ҳам дар гузориши охирини худ дар робита ба муборизаи зидди коррупсия дар Тоҷикистон менависад, "хавфи аз ҳама зиёди ришватхорӣ дар ҷараёни тақсими порчаҳои замин вуҷуд дорад".

Кумитаи давлатии замин мегӯяд, дар давоми 28 соли истиқлол бо қарорҳои ҳукумат ҳудуди 130 ҳазор гектар заминро барои бунёди манзил ба як миллиону 400 ҳазор оила тақсим кардааст.

Дар Маскав ҳайкали Иосиф Кобзонро месозанд. Ба 52 млн рубл

Аз чап ба рост: сароянда Иосиф Кобзон ва президенти Русия Владимир Путин, акс аз соли 2017

Шаҳрдории Москва мехоҳад, бо харҷи 52 миллион рубл муҷассамаи овозхони замони Шӯравӣ, арбоби ҷамъиятӣ, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзонро дар маркази пойтахти Русия насб кунад.

Нақшаи насби пайкараи ҳунармандро раиси комиссияи Маҷлиси шаҳрии Москва дар умури фарҳангӣ ва иртибототи умум Евгений Герасимов дар суҳбат бо "Эхо Москава" тасдиқ кард.

Ба гуфтаи вакили маҷлиси ноҳиявии Твер ва раиси кумитаи сохтмони давлатӣ Кетеван Хараизде гуфт, тасмими ниҳоии бунёди муҷассама аз натиҷаи раъйгирӣ дар шӯрои вакилони ноҳияи Твер вобастааст.

Дар баробари овозхонӣ, Кобзон ҳамчунин дар Донишгоҳи омӯзгории мусиқӣ дарс мегуфт. Ӯ соли 1990 намояндаи мардумӣ дар Шӯрои олии СССР ва аз соли 1997 депутати Думаи давлатии Русия буд.

Моҳи марти соли 2014 Кобзон бо иншои як муроҷиатнома ба шахсиятҳои фарҳангӣ аз сиёсати Владимир Путин дар робита ба Қрим пуштибонӣ намуд ва борҳо ба ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск сафар ва аз ҷудоиталабии онҳо ошкоро ҳимоят кард.

Ӯ охирҳои моҳи августи соли 2018 дар 81-солагӣ фавтид. Соли 2005 табибон дар ҷисми Кобзон бемории саратонро ташхис карда буданд.

Дар Чита додгоҳи сарбозе шурӯъ шуд, ки 8 ҳамхидматашро куштааст

Рамил Шамсуддинов дар додгоҳи Чита

Дар шаҳри Читаи минтақаи Сибири Русия мурофиаи додгоҳии сарбозе шурӯъ шуд, ки моҳи октябри соли 2019 ҳашт ҳамхидматашро дар як қисми ҳарбии минтақаи Забайкале аз тири туфанг ба қатл расонид. Рамил Шамсуддинов дар он муттаҳам мешавад, ки дар ҳодисаи рӯзи 25-уми октябри порсол ҳашт нафар, аз ҷумла ду афсарро ба қатл расонд. Шамсуддинов баъдан ба тафтишот гуфт, ки ӯро дар хидмат азият мекарданд. Дар вазорати дифоъ баъдан тасдиқ карданд, ки воқеан ҳам яке аз афсарон ин сарбозро озор медод ва бар асоси ин аз рӯи моддаи “меҳтарсолорӣ” (ба русӣ “дедовшина”) парванда боз карданд. Рӯзи 23-юми сентябр дар Кумитаи тафтишоти Русия гуфтанд, ки Рамил Шамсуддинов дар куштори ҳамхидматҳои худ иқрор шудааст. Вакилонаш гуфтанд, ки куштор дар ҳолати аффект ваё асабонияти шадиде, ки берун аз назорат мемонад, анҷом шудааст.

Рӯзи 23-юми ноябр инчунин ба як сарбози дигаре, ки дар марги се нафар ҳамхидматаш гумонбар мешавад, айб эълон шуд. Антон Макаров дар он гунаҳгор мешавад, ки дар фурудгоҳи низомии Воронеж аввал силоҳро дуздида баъдан чанд нафарро куштааст. Дар вазорати дифоъ гуфтанд, ки ин куштор ҳам дар ҳолати асабонияти шадид рух додааст, вале вуҷуди азияту озори сарбозро эътироф накарданд.

Матбуот: Нетаняҳу пинҳонӣ ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу

Чандин матбуоти исроилӣ хабар доданд, ки нахуствазири кишвар Бенямин Нетаняҳу рӯзи 22-юми ноябр ба таври пинҳонӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карда, бо раҳбари воқеии ин кишвар ва ҳам котиби давлатии ИМА Майк Помпео, ки дар ин кишвар меҳмон буд, дидан кардааст. Телевизиони давлатии “Kan”-и Исроил рӯзи 23-юми ноябр бо такя ба мақомоти беном хабар дод, ки Нетаняҳу ва раҳбари оҷонсии иктишофии “Моссад” Ёсӣ Коҳен бо шоҳзода Муҳаммад Бин Салмон ва дипломати аршади амрикоӣ дар шаҳри Неоми Арабистони Саудӣ, ки дар соҳилҳои баҳри Сурх ҷойгир аст, дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ин хабарро чандин матбуоти дигар ҳам нашр кардааст. Дафтари Нетаняҳу ва сафорати ИМА дар Байтулмуқаддас барои шарҳи ин хабар дастрас набуданд. Агар ин хабар ҳақиқат дошта бошад, пас ин аввалин сафари нахуствазири Исроил ба Арабистони Саудӣ мебошад. Мулоқоти мазкур дар ҳоле баргузор мешавад, ки Исроил чанде пеш созиши таърихии оддӣ шудани муносибатҳо бо ду кишвари муттафиқи Саудия дар минтақаи Халиҷи Форс – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайнро имзо кард. Нақши миёнҷиро дар ин муносибатҳо маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп иҷро кардааст.

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки аксар кишварҳои минтақа дар қиболи Эрон мавзеи муштарак доранд. Арабистони Саудӣ ба таври ошкор гуфтааст, ки ба қавлаш дар баробари Лигаи кишварҳои араб пойбанд мемонад, ки то замони ҳал шудани низоъ дар Фаластин бо Исроил наздик нахоҳад шуд. Бо ин вуҷуд, саудиҳо ба ҳавопаймоҳои исроилӣ иҷоза доданд, ки аз ҳарими ҳавоии онҳо убур кунанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG