Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори узбек Маҳмуд Раҷаб шартан аз озодӣ маҳрум шуд


Додгоҳи вилояти Хоразми Узбекистон шоир ва рӯзноманигор Маҳмуд Раҷабро дар қочоқу ташкили бетартибӣ айбдор ва ба муҳлати 27 моҳ шартан аз озодӣ маҳрум кард.

Маҳмуд Раҷаб, ки 18 октябр, пас аз эъломи ҳукм аз толори додгоҳ озод шуд, то ба поён расидани муҳлати ҷазояш ҳақ надорад, Узбекистонро тарк кунад. Ҳамчунин дар ин муддат агар зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ ё маъмурии дигар боз шавад, ҳукмаш иваз ва зиндонӣ хоҳад шуд. Маҳмуд Раҷаб гуфт, аз ҳукми додгоҳ ба ҷое шикоят намебарад.

Мақомоти Узбекистон Маҳмуд Раҷабро дар талоши ғайриқонунӣ ворид кардани китобҳои роҳбари мухолифон Муҳаммад Солеҳ айбдор мекарданд ва ба ӯ аз 5 то 10 сол зиндон таҳдид мекард.

Моҳи сентябр Маҳмуд Раҷаб ҳамроҳ бо 20 тан аз наздикону пайвандонаш пиёда озими Тошканд шуданд. Онҳо мехостанд, аз "беинтизомӣ ва беқонуние, ки дар вилояти Хоразм ҳукумфармост, ба вазири корҳои дохилии Узбекистон хабар расонанд". Аммо пулис онҳоро баъди тай кардани 50 километр роҳ боздошт кард.

Ҳамаи боздоштшудагон дар нақзи қоидаи баргузории ҷамъомаду ҳамоишҳои оммавӣ айбдор ва 10-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ шуданд. Яке аз ҷонибдорони Раҷаб - омӯзгори забони англисӣ ва блогер Нафосат Оллошукурова пас аз адои ҳукм иҷборан барои табобат ба беморхонаи касалиҳои руҳии Хоразм фиристода шуд.

XS
SM
MD
LG