Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон гурӯҳи доимоамалкунанда ба кор оғоз мекунад


Як гурӯҳи корӣ таҳти раҳбарии раиси вилояти Суғд дар пайи мулоқоти муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Разақов оид ба аломатгузорӣ ва ташхиси марзи муштараки ду кишвар, аз мавзеъҳои сарҳадӣ дар ҷамоати Ворухи Исфара дидан намудааст. Дар ин ҳайат мутахассисони Идораи заминшиносӣ, геодезӣ, бахши топографӣ ва намояндагони ҳукумати Исфара ҳузур доштаанд.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара рӯзи 18-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи корӣ таҳти раёсати Раҷабабой Аҳмадзода аз қитъаҳои баҳсии сарҳадӣ дидан намуда, бо сокинони ин мавзеъҳо суҳбат кард ва ба ҷараёни бунёди роҳҳои мошингард ошно шуд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 16-уми октябр дар шаҳри Бодканд мулоқоти кории муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Разақов баргузор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар Бодаканд ҳамчунин вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи ду кишвар баргузор шудааст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ҳадафи расидан ба натиҷаҳои назаррас роҷеъ ба ҳалли зудтари муйяан намудани марз, гурӯҳи доимамалкунанда таъсис шуд ва ҳоло ба кори худ оғоз намудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳсу гуфтугӯ сари минтақаҳои боқимонда солҳост идома дорад, вале бенатиҷа. Аз ин сабаб, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва борҳо хунрезӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG