Дар ҳоли ҳозир дар майдонҳои пахтаи Туркманистон шумори кормандони будҷавие кам нест, ки иҷборан ба пахтачинӣ ҷалб шудаанд.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар шимоли Туркманистон кормандони бандари баҳрӣ ба пахтачинӣ ҷалб шудаанд. "Тамоми ҳайати кормандони бандари баҳрии байналхалқии Туркманбошӣ ба шаҳри Сердар ба пахтачинӣ сафарбар шудаанд", - менависад сомонаи Turkmen.news.
Ин кормандон ҳамчунин вазифадор шудаанд, ки ғизояшонро бо худ баранд ва барои худ ҷойи хоб пайдо кунанд. "Бархе аз одамон бо додани маблағ худро аз пахтачинӣ озод мекунанд",-навишт сомона.
"Ягона ноновари хона довталабона ба саҳрои пахта рафт. Баъди 10 рӯз бо сару рӯи сиёҳшуда ва лоғар баргашт. Мегӯяд, танҳо нону об тановул мекард ва дар саҳро мехуфт, зеро сокинони маҳаллӣ ба пахтачинон ройгон ҷойи хоб намедиҳанд",-нақл кардааст расонаи мазкур аз сарнавишти як корманди бандари баҳрӣ.
Сарфи назар аз танқидҳои байналхалқӣ дар робита ба истифодаи меҳнати маҷбурӣ дар саҳроҳои пахтаи Туркманистон, ин кишвар аз таҷрибаи мазкур даст намекашад. Истеҳсоли пахта аз сӯи давлат назорат мешавад. Туркманистон тасмим дорад, соли ҷорӣ 1 миллион 50 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунад.