Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Душанбе гуфт, муноқиша миёни ҷавонон боиси нигаронии ҷиддӣ аст


Пулиси Душанбе дар пайи ду ҳодисаи кордзандӣ дар миёни донишҷӯёни пойтахт, ки бо марги як нафар анҷомид, амалиёти шартии "корд"-ро шуруъ кардааст. Дафтари матбуоти пулиси Душанбе гуфт, амалиёти мазкур бо талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт ва ҳадаф аз он монеъ шудан ба муноқишаҳои гуруҳии ноболиғону ҷавонон аст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни амалиёти "Корд" аз чаҳор нафар сокини пойтахт кордҳои дудама (финка) дарёфт карда онҳоро ба ҳабси маъмурӣ гирифтаанд. Мақомоти пулиси Душанбе гуфтанд, ҳатто аз хонандагони мактаби миёна низ корд ва воситаҳои махсуси барқдиҳанда (электрошокер) пайдо кардаанд.

Мақомот дар ҳоле ба ҷустуҷӯи корд дар миёни ҷавонон шуруъ кардаанд, ки ҳафтаи гузашта як донишҷӯи Донишгоҳи тиҷоратӣ дар пайи муноқиша ҷон дод. Дилмурод Фозилов, ки ҳамагӣ як моҳ қабл таҳсилро дар ин донишгоҳ шурӯъ карда буд, субҳи 8-уми октябр дар роҳ ба дарс аз захми корд кушта шуд. Мақомот дар ин кор донишҷӯйи дигари Донишгоҳи тиҷорат Убайдулло Қурбонови 18-соларо гумонбар медонанд. Инчунин мақомот гуфтанд, як донишҷӯи Донишгоҳи аграриро низ барои кордзанӣ дастгир кардаанд.

Масъулини Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар як муроҷиатнома ба сокинони пойтахт гуфтанд, "афзоиши содиршавии авбошиҳои гурӯҳӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон бо истифода аз корд ва дигар силоҳҳои сард" боиси нигаронии ҷиддии мақомот ва сокинон шудааст.

XS
SM
MD
LG