Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон бемории гепатит афзоиш ёфтааст


Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, дар вилоятҳои Лебап, Дашоғуз ва Ахали Туркманистон шумори гирифторони бемории гепатит афзоиш ёфтааст.

"Дар Дашоғуз дар ҳоли ҳозир аз бемории гепатити А асосан наврасон ва кӯдакон ранҷ мебаранд. Шумори одамони калонсоли гирифтор ба он хеле кам аст. Бори охир се сол пеш ин беморӣ дар миёни сокинони Лебап густариш ёфта буд", - афзуд хабарнигор.

Хабарнигори радио тавонист дар ин замина бо табибон ва сокинони маҳаллии Дашоғуз суҳбат кунад. "Беморӣ бо сулфа, табъ ва зуком оғоз мешавад. Сипас ранги пуст зард мегардад. Билирубини бархе аз кӯдакон то ба 120 боло хоҳад рафт", - иттилоъ дод хабарнигор.

Як табиб аз Дашоғуз ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҳолатҳое низ мавҷуд аст, ки сокинон аз бемории мазкур ба ҳалокат расидаанд. "Дар беморхонаҳо дору нест. Вақте вазъи бемор вазнинтар бошад табибон доруи "Гептрал" тавсия медиҳанд, ки 600 манат арзиш дорад ва на ҳама сокинон дар чунин вазъи фақри сартосарӣ метавонанд онро харанд. Дар бораи сирояти бемории гепатит расман гап задан манъ аст", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи табиб, аз моҳи августи соли равон ба ин сӯ ҳолатҳои гирифтор шудан ба гепатит афзоиш ёфтааст.

Мақомоти Туркманистон ва расонаҳои расмии ин кишвар дар ин замина хабар намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG