Раёсати вазорати умури дохилӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо нашри як изҳорот ҳодисаи марги як корманди Комиссариати ҳарбии ин вилоятро шарҳ дод.
Аз рӯзи 9-уми октябр ба ин тараф дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре чарх мезанад, ки корманди Комиссаритаи ҳарбии вилоят Расул Азимшоев аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расонида шуда ва ҷасадаш ба дарёи Панҷ андохта шудаст. Дар зери ин хабар, ки дар гурӯҳи "Памир-Нюс" ба нашр расид, даҳҳо нафар шарҳу тавзеҳ навиштанд.
Дар изҳороти Раёсати умури дохилии Бадахшон, ки рӯзи 11-уми октябр дар сафҳаи "Фейсбук"-и мақомоти ин вилоят ба нашр расид, гуфта мешавад, ки Расул Азимшоев бинобар ҷанҷолҳои хонаводагӣ зери фишор қарор дошт ва бинобар ҳамин, тариқи худкушӣ худро ба дарёи Панҷ андохтааст.
Мақомоти пулиси Бадахшон дар шарҳи ҳодиса мегӯянд, ки ин корманди 36-солаи рӯзи 1-уми октябр аз маҳалли зисташ дар кӯчаи Аёмбеки шаҳри Хоруғ берун рафта ва ба тарафи номаълум ғайб зад ва пас аз муроҷиати наздикони ӯ, як рӯз пас тайи амалиёти ҷустуҷӯ пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд.
Дар изҳороти Раёсати корҳои дохилии Бадахшон гуфта мешавад, ки рӯзи 6-уми октябр бори дигар аз тарафи наздикони Азимшоев дар робита ба бедарак шудани ӯ ба Шӯъба вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ ариза ворид мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, пас аз корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи 8-уми октябр ҷасади Азимшоев дар дохили мошинаш "бе аломатҳои марги маҷбурӣ" аз дарёи Панҷ пайдо ва ба наздиконаш супурда мешавад.
Назари наздикони Азимшоев дар робита ба ин ҳодиса то ба ҳол маълум нест. Раёсати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин ҳодиса аз сӯи Додситонии вилоят парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Ба гуфтаи мақомот, Азимшоев бо ҳамсараш мушкили хонаводагӣ дошт ва барои аз якдигар ҷудо нашуданашон ба онҳо ду моҳ муҳлат дода шуда буд ва дар ин муддат онҳо аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ карда, завҷааш дар маҳаллаи Поршневи шаҳри Хоруғ дар хонаи падараш истиқомат менамудааст. Вале дар байни ў ва завҷааш мунтазам ҷангу ҷанҷол ва муноқишаҳои оилавӣ сар мезадааст. Азимшоев соҳиби ду фарзанди ноболиғ будааст.