Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Фарғона ду ҷавони гумонбар ба дуздиро муҷозот карданд


Мақомоти умури дохилии Узбекистон мегӯянд, ҳодиса ибтидои моҳи равон дар деҳаи "Олтикуш"-и ноҳияи Данғараи вилояти Фарғона рух додааст.

Яке аз шоҳидон, ки ҳодисаро ба навор гирифтааст, мегӯяд, "Сокини "Олтикуш" вуруди пинҳонии ду ҷавон ба боғи себи худро дида, ҳамсояҳоро садо кардааст. Дар натиҷа мардум ҷамъ шуда, ҷавононро боздошт ва дар маҳалли ҳодиса муҷозот карданд".

Дар яке аз наворҳо дида мешавад, одамон ду ҷавонро дашном дода, латтукӯб мекунанд. Дар навори дувум нафаре пешниҳод мекунанд, ки ҷавонони боздоштшударо ба болои хар чапа шинонда, дар кӯчаҳо давр занонанд. Бархеҳо ба латтукӯб накардани ҷавонон низ даъват мекунанд.

Хадамоти матбуотии Идораи пулиси Фарғона гуфт, тафтиши ҳодиса оғоз шуда, натиҷаашро эълом хоҳанд кард.

Як маъмури пулиси ноҳияи Данғара гуфт, ҳодиса 3 октябр дар деҳаи Олтикуш рух додааст. "Соҳиби боғ як мошин себро мефурӯшад ва ду ҷавон субҳи барвақт ба хонаи ӯ даромада, пулҳоро медузданд. Вақти фирор сокинони деҳа онҳоро боздошт ва латтукӯб мекунанд", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG