Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқовимати муҳоҷирони Осиёи Миёна зидди як гурӯҳи ҷинояткор


Шоҳидон нақл мекунанд, ки зодагони Осиёи Марказӣ дар бозори меваву сабзавоти Новосибири Русия зидди гуруҳи мутташакили ҷинояткоре муқовимат нишон додаанд. Ин гуруҳи ҷинояткорро шахсе бо номи Тамерлан - зодаи Узбекистон роҳбарӣ мекунад.

Ба иттилои расонаҳо, гуруҳи вай аз ду сол инҷониб ба ғоратгарӣ ва тамаъҷӯӣ машғул аст. Зарардидагон борҳо ба мақомот аз болои ин гуруҳ шикоят бурданд, аммо шикояти онҳо натиҷае надодааст.

Низоъи охири рӯзи 4 октябр шуруъ ва баъди се рӯз ба занозании гуруҳӣ табдил шуд. Тамерлан рӯзи 7 октябр бо гуруҳи мусаллаҳи 10-нафарӣ вориди бозор шуд. Дар наворҳое, ки дар Интернет нашр шуд, дида мешавад, одамони вай бо ниқоб ва автомату таппонча ба бозор ворид мешаванд.

Жаркинбон Тойтуков, роҳбари диаспораи қирғизҳо дар Новосибир гуфт, ки коргарони бозор бо сангу чӯб ба муқовимати гуруҳи мусаллаҳ баромаданд.

"Зодаи Қирғизистон бо номи Рашид дар гуруҳи ҷинояткор шомил буд. Вай зодагони Осиёи Марказиро ғорат мекард. Онҳо хостанд, бори дигар тоҷиронро ғорат кунанд ва бо ин мақсад, савори се мошин ба бозор омаданд. Наздики 100 одам ба муқовимати тамаъҷӯён бархостанд ва мошинҳояшонро оташ заданд. Се-чаҳор кас аз тирҳои резинӣ маҷруҳ шуданд. Чанд тан аз аъзои гуруҳи ҷинояткор боздошт шуданд. Аммо саркардаҳо ҳанӯз дар озодиянд",-гуфт Тойтуков.

Расонаҳои Русия навиштанд, ки дар занозанӣ наздики 200 кас ширкат кард, ки аз онҳо 50 тан боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG