Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон тартиби расонидани кумакҳои иҷтимоиро тағйир медиҳанд


Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон рӯзи 7 октябр тарҳи "навшуда"-и механизми кумакҳои иҷтимоии суроғавиро ба ҳукумат пешниҳод кард.

Ин тарҳ бозҳисоби семоҳаи кумакҳои иҷтимоии суроғавиро барои "пешгирӣ аз вайронкориҳои эҳтимолӣ", инчунин ҷорӣ кардани тартиби кумак ба кӯдакон аз хонаводаҳои камбизоат пешбинӣ мекунад.

Биржан Нуримбетов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон рӯзи 7 октябр гуфт, шарти асосии дарёфти кумакҳои иҷтимоии суроғавӣ шуғл пайдо кардани яке аз аъзои оила хоҳад буд. "Агар узви қобили меҳнати хонавода аз шуғлҳои пешниҳодшуда даст кашад, дар он сурат кумакҳои иҷтимоӣ ҳам ба вай ва ҳам ба аъзои оилааш қатъ мешавад", - гуфт Нуримбетов.

Механизми нави кумакҳои иҷтимоии суроғавӣ қарор аст, аз 1 январи соли 2020 ба иҷро дарояд. Кумаки нави давлатӣ барои оилаҳои серфарзанд, вобаста ба шумори фарзандон, расонидани аз 42 500 танга то 73 375 танга (мутаносибан 100 ва 180 доллари ИМА)-ро пешбинӣ мекунад.

"Барои кӯдакони то синни мактабӣ ғизои кӯдакона, васоили гигиенӣ, хадамоти омӯзишӣ таъмин карда мешавад. Барои кӯдакони синни мактабӣ ғизои гарм дар мактаб, либоси мактабӣ ва лавозимоти дигар, пардохти ҳаққи роҳкиро, инчунин хадамоти тиббӣ расонида мешавад", - гуфт вазир.

Ба иттилои вазорати меҳнат, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ кумаки иҷтимоии суроғавӣ ба бештар аз 400 ҳазор хонавода ва ё наздики 2,1 миллион одам расонида шудааст.

Баъди марги панҷ хоҳар аз як хонавода дар оташсӯзии моҳи феврали соли ҷорӣ дар пойтахти Қазоқистон, дар чанде аз минтақаҳои дигари он кишвар модарони серфарзанд бо нишони эътироз ба кӯча баромаданд.

Садҳо зан афзоиши кумакҳои давлатӣ, ҳалли мушкили дастрасӣ ба манзил, имтиёз ба хонаводаҳои серфарзандро талаб карданд. Дар пайи ин эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон кумакҳои суроғавии иҷтимоиро бештар ва барномаи қарзҳои имтиёзнокро ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG