Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд хонандагонро бо рӯймол ба дарс намемонанд


Дар назди дарвозаи мактабҳои яке аз ноҳияҳои шаҳри Тошканд ҳар субҳ омӯзгорон хонандагонро маҷбур мекунанд, ки рӯймолҳои худро бигиранд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми октябр навори садоиеро аз ҷаласаи шуъбаи маорифи яке аз ноҳияҳои Тошканд дастрас кард. Дар ҷаласа ба иштирокдорон дастур мешавад, ки аз охирҳои моҳи сентябри имсол хонандагонро бо рӯймолҳои мазҳабӣ ба дарсҳо роҳ надиҳанд.

"Соати 7-и субҳ бояд дар назди дарвозаи мактаб як зан ва як мард истанд ва онҳоро ҳамроҳ бо хонандагоне, ки дер меоянд, акс гирифта ба ман фиристанд", -- мегӯяд мудири шуъбаи маорифи яке аз ноҳияҳои Тошканд.

Ӯ ҳамчунин аз муовини мудири мактабҳо даъват мекунад, ки бо эҳсоси волидони диндор бозӣ накарда, риояи либоси ягонаи мактабиро қотеона талаб кунанд. "Вақте омӯзгори мард ба духтарҳо мегӯяд, ки "рӯймолатро каш" ба падари онҳо сахт мерасад. Зеро барои онҳо баробар бо талаби кашидани эзор аст. Бинобар ин, хоҳиш мекунам, дар назди дарвозаи мактаб омӯзгорони зан ҳам истанд ва хонанда бояд пеш аз дохил шудан рӯймоли худро бигирад ва ба навбатдор диҳад. Пас аз дарс навбатдор вақте хонанда аз ҳудуди мактаб берун шуд, рӯймолашро баргардонад. Волидон бояд дар хонаҳои худ амру фармон диҳанд. Хонандаҳо дар мактаб бояд ба талаботи шумо итоат кунанд", -- афзуд вай.

Яке аз иштирокдорони ҷаласаи мазкур гуфт, дар ҳоли ҳозир иҷрои қарори Девони вазирони Узбекистон дар бораи либоси ягонаи мактабиро на танҳо кормандони соҳаи маориф, балки мақомоти махсус ва ҳукуматҳои маҳаллӣ низ назорат мекунанд.

XS
SM
MD
LG