Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни асосии Туркманистонро тағйир медиҳанд


Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Як комиссияи вижа ба омода кардани тарҳи ислоҳҳо ба Қонуни асосии Туркманистон, кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ, оғоз кардааст.

Оҷонси иттилоотии давлатии Туркманистон хабар дод, ки ҷаласаи аввали аъзои комиссия рӯзи 4-уми октябр баргузор шуд. Раиси ҷумҳур Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов гуфтааст, тағйирот ба Конститутсия “ба вазъи тағйирёбандаи иқтисодиву сиёсии ҷаҳон” рабт дорад.

Бори охир Қонуни асосии Туркманистонро моҳи сентябри соли 2016 ислоҳ карданд. Он замон яке аз бандҳои муҳими тағйирот бардоштани маҳдудияти синни номзад ба мақоми президентӣ буд.

Дар гузашта афроди аз 70-сола боло ҳаққи номзад шудан ба мақоми президенти Туркманистонро надоштанд ва ин банд дар тарҳи се соли пеш бекор карда шуд.

Вале Қонуни асосии Туркманистон танҳо ба афроди аз чиҳилсола боло иҷоза медиҳад, ки довталаби курсии президентӣ шаванд. Ин банд роҳро барои ба қудрат расидани афроде ба мисли писари президент Сардор Бердимуҳаммадов, раиси вилояти Ахал, боз мекунад.

Интизор меравад, Конститутсияи Туркманистон дар шакли нав соли 2020 барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод шавад.

Қонуни асосии Туркманистон соли 1992 қабул шуда, то кунун шаш дафъа ба он тағйирот ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG