Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон майдонеро ба номи президенти пешин гузоштанд


Майдони марказии шаҳри Тарози Қазоқистонро ба ифтихори президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоев номгузорӣ карданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ рӯзи сешанбе хабар доданд.

"Майдони Достики Тароз Нурсултон Назарбоев номгузорӣ шавад", - омадааст дар қарори ҳокими вилояти Ҷамбил. Мақомоти маҳаллӣ ҳанӯз моҳи июни соли ҷорӣ хабар дода буданд, ки майдони марказии шаҳрро ба номи Назарбоев хоҳанд гузошт.

Дар Қазоқистон шаҳри Остона - пойтахти он кишвар ба номи Назарбоев гузошта шудааст. Ҳамчунин фурудгоҳи пойтахти Қазоқистон ҳам номи Назарбоевро дорад. Ба ҷуз инҳо, кӯчаҳои марказии чандин шаҳри Қазоқистонро ба Назарбоев табдили ном карданд. Дар он кишвар Мактабҳои интеллектуалии Назарбоев ҳам амал мекунанд. Дар чандин шаҳри дигари Қазоқистон пайкараҳои Назарбоев қомат афрохтаанд.

Назарбоев дар соли 1991 дар Қазоқистон сари қудрат омад ва моҳи марти соли ҷорӣ, баъди қариб 30 соли роҳбарӣ аз мақом канор рафт. Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо изҳор доштанд, ки Назарбоев таҳаммули дигарандешонро надорад ва ҳуқуқу озодиҳои сокинонро поймол мекунад.

Ҳанӯз дар соли 2017 Назарбоев гуфта буд, ки иҷозат нахоҳад, мақомот пайкараҳояшро созанд ва кӯчаву хиёбонҳоро ба ифтихори вай номгузорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG