Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари президенти Эрон ба панҷ сол зиндон маҳкум шуд


Ҳусейн Фаридун, бародари раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, ба панҷ сол зиндон маҳкум шуд. Ба гузориши ИРНА -- хабаргузории давлатии Эрон, Ғуломмуҳсин Исмоилӣ, сухангӯи Додгоҳи олии Эрон рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, ки "Ҳусейн Фаридун ба 5 сол ҳабс, ҷазои нақдӣ ва баргардонидани мол ба маблағи 31 миллиард туман, маҳкум шудааст".

Ӯ афзуд, ки "додгоҳи таҷдиди назар раъйи ниҳоиро дар мавриди Ҳусейн Фаридун содир кардааст ва ҳукми ҳафт сол ҳабс ба панҷ сол ҳабс поин оварда шудааст".

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Ҳусейн Фаридун ба пулшӯӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста мешавад. "Форс" менависад, ки вай дар баробари дарёфти ришва, маслиҳатҳои муассире барои супурдани масъулиятҳое дар бонк ва дигар бахшҳои таъсиргузори иқтисодӣ ба афроди хос анҷом додааст ва ин афрод дар муқобил, маблағҳои калонеро ба вай пардохт мекарданд".

Мақомоти додгоҳӣ ҳудуди ду сол қабл аз боздошти Ҳусейн Фаридун ба хотири "иттиҳомоти молӣ" хабар дода буданд.

XS
SM
MD
LG