Узбекистон аз Сурияву Ироқ 235 шаҳрванди худро берун меорад. Дар ин бора Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбекистон, охири ҳафта дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хабар дод.
Ӯ гуфт, «интизори бозгашти 65 кӯдак аз Ироқ ва 179 нафари дигар аз Сурия ҳастем. Дар ин замина ба пуштибонии созмонҳои байналмилалӣ ва баъзе аз кишварҳо ниёз дорем.»
Комилов ҳамчунон гуфт, Узбекистон дар мавриди ба ҳаёти осоишта баргардондани онҳое, ки аз минтақаҳои низоъ баргаштаанд, таҷруба дорад. «Умедворем, ки гуруҳҳои нав кӯшиш нахоҳанд кард, то ба чунин минтақаҳо бираванд», -- афзуд ӯ.
Мақомоти Узбекистон моҳи майи имсол аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна 156 шаҳрванди худ, асосан занону кӯдаконро ба кишвар оварданд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, баъзе аз онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда, дигарон ба ҳаёти осоишта баргаштаанд.
Тоҷикистон низ то кунун беш аз 80 кӯдакро аз Ироқ ба ватан оварда, баъзеи онҳоро ба наздикон ва қисми зиёдро ба интернатҳо супурдааст.
Додгоҳҳои Ироқ даҳҳо зани тоҷикро барои ҳамзистӣ бо ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» ба муддати тӯлонии зиндон ва ҳабси абад маҳкум кардаанд. Қарор аст, Тоҷикистон аз Сурия низ занону кӯдаконро баргардонад.
Қаблан мақомот гуфта буданд, ки тақрибан ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои Ховари Миёна рафтаанд.