Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини об дар Хатлон $ 58 млн. тақдим кард


Бонки ҷаҳонӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон рӯзи 25 сентябр татбиқи барномаи наверо шурӯъ кард, ки таъмини об ва меъёрҳои беҳдорӣ ё санитарияро дар манотиқи деҳот дар назар мегирад. Тарҳе бо арзиши 58 миллион доллар ба ҳукумати Тоҷикистон ба ҳайси грант ё кӯмаки бебозгашт дода мешавад ва қарор аст дар давоми панҷ соли оянда дар вилояти Хатлон мушкили дастрасии манотиқи деҳот бо оби тоза ҳалли худро пайдо кунад.

Тарҳи мазкур таъмини 400 ҳазор аҳолӣ бо оби поки ошомиданӣ ва сохтмони нуқтаҳо ё макони гигиенаву тозагӣ ваё ташноб барои 100 ҳазор кӯдаку наврасро дар назар мегирад. Масъулини Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, ки иншооти санитарӣ дар 200 мактаб ва марказҳои саломатӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон бунёд ё барқарор мешавад.

Нигина Алиева, сухангӯи дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 26 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки иҷрои лоиҳа аз шаҳри Бохтар – маркази маъмурии вилояти Хатлон оғоз шуд. Нигина Алиева гуфт, ки лоиҳа шаш ноҳияи водии Вахш ва як ноҳияи минтақаи Кӯлобро фаро мегирад. Ӯ гуфт:

“Лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои грантии анҷумани байналмилалии рушд сарпарастӣ мешавад. Ҳадафаш беҳтар кардани хизматрасонии обтаъминкунӣ ва санитарӣ дар минтақаҳои камбизоати Хатлон мебошад. Лоиҳа тоза оғоз шуда, дар панҷ соли оянда амалӣ мешавад.”

Бар асоси ин лоиҳа, қарор аст масъалаи дастрасии мардум ба оби поки ошомиданӣ дар ноҳияҳои Вахш, Леваканд (собиқ Сарбанд), Кушониён (собиқ Бохтар), Дӯстӣ (Ҷиликӯл), Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Ҷалолиддини Румӣ), Ҷайҳун (Қумсангири пешин) ва ноҳияи Восеъ амалӣ шавад. Бар асоси барнома, назорати иҷрои тарҳро вазорати молия, Корхонаи воҳидии давлатии “Хоҷагии манзилию комуналӣ” ва ниҳодҳои дигари давлатӣ ба ӯҳда мегиранд.

Ҷамшед Табарзода, директори генералии Корхонаи воҳидии давлатии “Хоҷагии манзилию комуналӣ” дар суҳбат ба Радиои Озодӣ лоиҳаро барои рушди деҳот ва зиндагии мардум муҳим хонда гуфт, ки бо пули Бонки ҷаҳонӣ таъмини истгоҳҳои обкашонӣ ва азнавсозии лӯлаҳои обгузар дар назар аст:

“Бо ин грант техникаҳо харидорӣ меашвад, қубурҳои обгузаре, ки 50 ва 70 сол хизмат кардаанд, иваз карда мешаванд. Қубурҳои обкашонӣ дар шаҳру навоҳӣ таъмин мешаванд. Харидории таҷҳизот дар назар аст, ки мардумро ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин кунад. Дар баъзе деҳаҳо умуман хаттӣ обкашонӣ нест, ки онҳоро ба хатти об таъмин мекунад.”

Роҳандозӣ шудани тарҳи навсозии системаи обтаъминкунӣ дар Хатлон дар ҳолест, ки мушкили дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ яке аз сангинтарин мушкилоти деҳоту шаҳрҳои Тоҷикистон баъди касби истиқлол шудааст. Бар асоси ҳисобҳои мухталиф, аз 40 то 50 дар сади аҳолии Тоҷикистон бо дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ мушкил доранд.

Дар ҷамоати деҳоти “Машъал”-и ноҳияи Вахш чанд деҳоте ҳаст, ки онҷо оби ошомиданӣ нест ва заминҳои зиёде ба хотири набудани об кишт намешаванд. Сокинон як тонна обро бо қимати беш аз 150 сомонӣ мехаранд. Қарор аст қубурҳои обгузар ба ин ҷо ҳам кашида шаванд.

XS
SM
MD
LG