Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати дипломати Русия ба ВКХ Қирғизистон барои барномаи Малахов


Вазорати хориҷаи Қирғизистон намояндаи сафорати Русия дар Бишкекро дар робита бо барномаи телевизионии Андрей Малахов даъват кард. Рӯзи 26 сентябр, ба иттилои дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Қирғизистон, ба вазорат корманди сафорат дар мақоми мушовир ва фиристода даъват шуд. Дар ин даъват ба намояндаи сафорати Русия гуфта шуд, ки барандаи “Барномаи зинда бо Андрей Малахов” («Прямой эфир с Андреем Малаховым») дар робита бо қазияи Исломбек Акбаров, ки тобистони соли ҷорӣ бо ширкати ӯ дар Маскав як садамаи автомобилӣ рух дод ва як нафар кушта шуд, ҳарфҳои носазо садо дод. Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳои шарикии Русия ва Қирғизистон аз лаҳни бархе журналистон дар матбуоти давлатии Русия изҳори нигаронӣ кардааст.

Барномаи Малахов, ки яке аз пуртамошобинтарин дар телевизионҳои Русия аст, рӯзи 24 сентябр пахш шуд. Дар он дар бораи садамаи автомобилии рӯзи 8 июл дар Маскав баҳс шуд, ки яке аз ширкатдорони он сокини 23-солаи Қирғизистон буд. Дар ин ҳодиса Александр Маругов, писари як миллиардери рус Владимир Маругов даргузашт.

Андрей Малахов дар ин барнома гуфт, ки эҳтимолан ин ҳодиса куштори фармоишӣ буд ва ба ҷавони қирғиз барои анҷоми ин куштор метавонистанд 100 ҳазор доллар маблағ бидиҳанд. Ӯ инчунин гуфт, ки барои мардуме дар як деҳаи дур 10 доллар арзиш дорад, ин пули калон аст. Ин суханҳои Малахов хашми бисёр корбарони Интернетро ба бор овард ва ҳамватанони Исломбек Акбаров аз Малахов талаб карданд, ки узрхоҳӣ кунад. Сафорати Русия дар Қирғизистон ба ин интиқодҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ посух дод ва навишт, ки “Малахов қаҳрамони мо нест”.

XS
SM
MD
LG