Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доминго пас аз иттиҳоми озори ҷинсӣ Метрополитен-операро тарк мекунад


Сарояндаи операи испаниягӣ Пласидо Доминго дар намоишномаи "Макбет"-и Метрополитен-операи шаҳри Ню-Йорк баромад намекунад ва ҳамчунин ҳама гуна ҳамкориро бо театр қатъ хоҳад кард.

25 сентябр дар нахустнамоиш ба ҷои Доминго сарояндаи сербӣ Желько Лучич баромад кард.

"Metropolitan Opera тасдиқ мекунад, ки Пласидо Доминго ба бекор кардани ҳамаи баромадҳои ояндааш розӣ шуд. Ҷонибҳо ба созиш расидаанд, ки намоишномаҳо бекор карда шаванд", - омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуотии театр.

Associated Press моҳи августи соли равон хабар дод, ки 9 зан Домингои 78-соларо дар озору азияти ҷинсӣ айбдор карданд. Сухан аз ҳодисаҳои солҳои 80-ум, аз ҷумла дар ҳудуди ИМА меравад. Ибтидои моҳи сентябр 11 зани дигар гуфтанд, ки сароянда онҳоро озори ҷинсӣ додааст.

Оркестри Филаделфия (The Philadelphia Orchestra) ва "Los Angeles Opera" моҳи август эълом карданд, ки ҳамаи намоишномаҳои ояндаи Домингоро бекор карданд. Худи сароянда мегӯяд, робитаҳои мазкур бо розигии тарафҳо сурат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG