Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вохӯрии дипломатҳо бо донишҷӯёни латукӯбшудаи узбек дар Чимкент


Донишҷӯёни узбекистонии Донишгоҳи навоварии шаҳри Чимкенти Қазоқистон ахиран бо нашри як муроҷиати видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят карданд, ки зери озору азияти сокинони маҳаллӣ қарор доранд.

Рӯзи 21-уми сентябр дар донишгоҳи мазкур бо иштироки сафири Узбекистон дар Қазоқистон Саидикром Ниёзхоҷаев, намояндаи шаҳрдории Чимкент, муовини раиси Ассамблеяи мардумии Қазоқистон, раиси Анҷумани иттиҳодияҳои фарҳангии узбекони Қазоқистон "Дустлик" ҷаласае баргузор шуд.

Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Узбекистон, дар ҷаласа масъалаи таъмини амнияти донишҷӯёни узбекистонӣ дар Чимкент, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои рух надодани ҳодисаҳои ҳамсон дар оянда ва андешидани чораҳои қонунӣ зидди дастандаркорон баррасӣ шуд.

Сафорати Узбекистон дар Қазоқистон ва Консулгарии ин кишвар дар шаҳри Чимкент қазияи мазкурро зери назорат гирифтаанд.

"Ҳамаи мушкилиҳои мавҷуда дар ҳамкорӣ бо мақомоти Чимкент, ки ба намояндагии дипломатӣ кумаки ҳамаҷониба мерасонанд, ҳал карда хоҳанд шуд", - афзудааст вазорат.

XS
SM
MD
LG