Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се кишвари аврупоӣ: Эрон масъули ҳамла ба нафти Саудӣ аст


Роҳбарони Фаронса, Олмон ва Бритониё бо пахши як баёния Эронро масъули ҳамла ба корхонаҳои нафти Арабистони Саудӣ донистанд.

Хабаргузории Ройтерс навишт, Эммануел Макрон, Ангела Меркел ва Борис Ҷонсон дар баёнияе гуфтанд, "равшан аст, ки Эрон дар пушти ҳамла ба корхонаҳои нафтии Арабистон қарор дорад. Ҳеҷ шарҳу эҳтимоли дигар вуҷуд надорад."

Роҳбарони ин се кишвари Аврупо, ба зарурати гуфтугӯҳои дипломатӣ барои коҳиши таниш дар минтақа таъкид карданд. "Замони он фаро расидааст, ки Эрон музокироти дарозмуддат барои барномаи атомӣ ва амнияти минтақа, аз ҷумла барномаи мушакии худро бипазирад," -- гуфта шудааст дар баёния.

Пеш аз ин Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, дар роҳ ба Ню-Йорк гуфт, кишвараш ба ин натиҷа расид, ки Эрон масъули ҳамла ба марказҳои тавлиди нафти Арабистони Саудӣ мебошад.

Танишҳо дар Ховари Миёна дар пайи ҳамла ба марказҳои тавлиди нафти Саудӣ сахттар шудааст. Амрико ва Арабистони Саудӣ бовар доранд, ки Эрон дар ин ҳамла даст дорад. Теҳрон ин иттиҳомро рад кардааст.

Масъулияти ҳамлаи як ҳафта пеш ба марказҳои тавлиди нафти Арабистони Саудиро шӯришёни ҳусии Яман ба уҳда гирифтаанд. Ҳусиҳо аз пуштибонии Эрон бархӯрдоранд.

XS
SM
MD
LG