Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори писари муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон


Писари муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Курсан Асанов ба Узбекистон фирор кардааст. Дар ин бора додситони низомии он кишвар Нуркамол Набиев рӯзи 23-юми сентябр дар ҷаласаи комисияи давлатии омӯзиши рӯйдодҳои рӯзҳои 7-8 августи Кой-Тош хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Муҳаммадалӣ Асанов аз гузаргоҳи марзии "Достук" убур кардааст.

"То он замон вай гумонбар ба ҳисоб мерафт. Аммо нишондодҳои зиддӣ вай буданд, шоҳидии зидди вай мавҷуд буд. Ҳанӯз ба бозпурсӣ даъват нашуда, фирор кард", - гуфта Набиев.

27-уми август нисбати Муҳаммадалӣ Асанов, соли таваллудаш 1997, ғоибона ҳукми боздошт содир шуд. Вай дар ҷустуҷӯ эълом гардид.

Додситонии кулли Қирғизистон гуфт, ёвари муовини пешини вазири корҳои дохилӣ далелҳои шайъиро ба ҷонибдорони Отамбоев (президенти пешини Қирғизистон, ки ҳамакнун дар боздошт аст), тавассути Муҳаммадалӣ Асанов расонидааст.

XS
SM
MD
LG