Қатори мусофирбари "Алмато-Костанай" шоми 15-уми сентябр дар вилояти Алмаатои Қазоқистон ба автобуси масири "Алмато-Каскелен" бархурдааст. Дар дохили автобус 67 мусофир ҳузур доштанд.
Бино ба иттилои пешакӣ, дар натиҷа як нафар -- ронандаи 40-солаи автобус ба ҳалокат расида, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
"Се мусофири захмии автобус - як зан ва ду кӯдак ба беморхона интиқол ёфтанд", - хабар додааст Департаменти пулиси Алмато. Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё идораи воситаи нақлиёт" тафтишот оғоз шудааст.
"Ронандаи автобус ба бонги қатора нигоҳ накарда, ҳаракат кардааст", - изҳор дошт намояндаи Вазорати саноат ва рушди зербиноии Қазоқистон.
Саҳифаи расмии президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар Твиттер хабар дод, ки дар дохили автобус 67 кас қарор доштанд.