Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон иҷоза дод, ки Салиби Сурх дар Афғонистон кор кунад


Толибон мегӯянд, ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх иҷоза додаанд, ки фаъолияти худро дар Афғонистон аз сар гирад. Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, яке аз сухангӯёни Толибон гуфт, ба ин натиҷа дар ҷараёни музокирот миёни намояндаҳои сиёсии ин ҷунбиш ва ҳайати Салиби Сурх дар Қатар расидаанд. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Толибон гуфта буданд, барои Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ иҷоза намедиҳанд, ки маъракаи ваксиназаниро татбиқ кунанд ва ё ба ироаи хадамоти дигар бипардозанд. Дар пайи бекор шудани фаъолиятҳои ин идораҳо аз тарафи Толибон, фалаҷи кӯдакон дар Афғонистон афзоиш ёфтааст. Мақомоти идораи тандурустии вилояти Урузгон рӯзи 14-уми сентябр гуфтанд, имсол танҳо дар ин вилоят ҳашт кӯдак ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

XS
SM
MD
LG