Ҳукумати Узбекистон расман барои шомил шудан ба Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон, ки бештар бо номи «Шӯрои туркҳо» маъруф аст, ариза дод.
Мавлуд Човушоғлӯ, вазири корҳои хориҷии Туркия гуфтааст, ки аризаи Узбекистонро барои шомил шудан ба ин Шӯро дарёфт кардаанд ва рӯзҳои наздик роҳҳои қабул шудани ин кишвар баррасӣ мешавад.
«Шӯрои туркҳо» моҳи октябри соли 2009 бо ташаббуси Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия таъсис ёфт. Узбекистон моҳи апрели соли гузашта майли пайвастан ба ин Шӯроро нишон дода буд.
Шавкат Мирзиёев соли 2016 пас аз марги Ислом Каримов раҳбарии Узбекистонро бар ӯҳда гирифт. Дар беш аз се соли ахир ӯ талош кард, ки бо кишварҳои ҳамсоя муносибатро беҳбуд бахшад.
Ислом Каримов дар 27 соли раҳбарияш муносибати Узбекистонро бо кишварҳои ҳамсоя бад карда буд.
Ҷаласаи «Шӯрои туркҳо» соли гузашта дар Қирғизистон баргузор гашт. Дар ин ҷаласа Венгрия ба ҳайси кишвари нозир шомили Шӯро шуд.