Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон хоҳони афзоиши содироти маводи ғизоӣ ба Чин шуд


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 11-уми сентябр дар Пекин дар расми кушоиши ҷаласаи доираи соҳибкорони Қазоқистону Чин гуфт, Чин "ба яке аз бузургтарин шарики хориҷии тиҷорӣ ва иқтисодии Қазоқистон табдил шудааст". Вай ҳамчунин ба афзудани содироти маводи ғизоии бештар ба Чин даъват кард.

"Тавре маълум аст, Қазоқистон ба даҳгонаи содиркунандагони гандуми босифат шомил мешавад. Соли гузашта содироти гандум ба Чин 550 ҳазор тонаро ташкил дод. Мо метавонем, ин нишондодро ба 2 миллион тона расонем", - гуфт Тоқаев.

"Мо ҳамчунин қодирем, ба бозори Чин намак, маҳсулоти ширӣ, гӯшти мурғ, гов, гӯсфанд, орд, равған ворид кунем. Тасмим дорем, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба Чин бештар созем", - афзуд президенти Қазоқистон.

Чин ҳамчунин истифодабарандаи нафту газ ва филизоти Қазоқистон аст.

Ба иттилои расмӣ, гардиши мол миёни Қазоқистону Чин дар соли 2018 ба 12 миллиард доллар расидааст. Ҳаҷми сармоягузории Чин дар иқтисоди Қазоқистон 20 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

Сафари давлатии Тоқаев ба Пекин дар ҳоле сурат мегирад, ки дар чанд шаҳри Қазоқистон ахиран эътирозҳои зиддичинӣ баргузор шуд. Эътирозгарон талаб доштанд, лоиҳаҳои муштараки сохтмони корхонаҳо бо Чин дар Қазоқистон бекор карда шавад.

Гузоришҳои видеоӣ

Русия ба Туркия пойгоҳи баҳсбарангези С-400 ирсол намуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00
XS
SM
MD
LG