Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонандагони қирғизро аз мактаби "контейнерӣ" ба бинои дигар мекӯчонанд


Дар Қирғизистон хонандагони деҳаи Кенеши вилояти Норинро, ки соли хонишро дар контейнерҳо оғоз карданд, то фарорасии фасли сармо ба ҷои дигар мекӯчонанд. Дар ин бора муовини сарвазири Қирғизистон Олтиной Омурбекова иттилоъ дод.

"Ҳамчунин рӯзҳои наздик сохтмони бинои нави мактаби деҳаи Кенеш оғоз хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки мактаби деҳаи Кенеш ду бино дорад. Яке аз онҳо садамавӣ буда, дар дигарӣ кудакон таҳсилро идома медиҳанд", - иқтибос овардааст дафтари матбуотии ҳукумати Қирғизистон аз суханони Омурбекова.

Рӯзи 2-юми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое аз кушодашавии мактаби ба истилоҳ, "контейнерӣ" дар деҳаи Кенеши вилояти Норин нашр шуданд, ки баҳсҳои тундеро дар ҷомеаи Қирғизистон ба бор оварданд. Дар он маросим намояндагони мақомоти маҳаллӣ низ иштирок доштанд.

Дар пайи ин баҳсҳо вазири маориф ва илми Қирғизистон Гулмира Кудойбердиева ва намояндаи ҳукумати ин кишвар дар вилояти Норин Амонбой Кайипов бо хости худ аз мақомашон канор рафтанд. Вале маълум нест, ки ба истеъфои онҳо баҳсҳо атрофи "мактаби контейнерӣ" сабаб шудааст, ё не.

Фаъолони мадании қирғиз бо кушодани ҳисоби бонкие гуфтанд, барои бунёди мактаб дар деҳаи Кенеш маблағ ҷамъоварӣ мекунанд. Вале ҳукумати Қирғизистон эълом кард, ки ин мушкилро худ ҳал хоҳад кард.

Гузоришҳои видеоӣ

Нашрияи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ берун шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG