Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN: ИМА гумоштаи худро пинҳонӣ аз Русия берун бурд


Сафорати ИМА дар Маскав

ИМА соли 2017 яке аз гумоштаҳои муҳими худро дар ҳукумати Русия пинҳонӣ аз он кишвар берун бурдааст. Телевизиони CNN дар ин бора бо истинод ба чандин манбаи огоҳ дар маъмурияти президент Доналд Трамп иттилоъ дод.

Ба гуфтаи як манбаъ, тасмими ихроҷи гумоштаи ИМА аз Русия ба далели адами эътимод ба касбияти атрофиёни Трамп ҳангоми кор бо маводи махфӣ гирифта шудааст. CNN мегӯяд, хатари ифшо шудани ҷосуси амрикоӣ дар долонҳои ҳукумати Русия ба миён омада буд ва бинобар ин, ӯро аз он кишвар берун бурданд.

Ин тасмим соли 2017, пас аз мулоқоти Доналд Трамп бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва сафири ин кишвар дар ИМА Сергей Кисляк дар коргоҳи Овал гирифта шуд, ки ҷонибҳо дар он маълумоти махфиеро ба баррасӣ гирифта буданд.

Намояндаи котиби давлатии ИМА аз шарҳи иттилоъ худдорӣ кард. Сухангӯи Кохи сафед Стефанӣ Гришам гуфт, "иттилои нашркардаи CNN на танҳо дуруғ аст, балки ҷони одамонро зери хатари ҷиддӣ қарор хоҳад дод".

Гузоришҳои видеоӣ

Нашрияи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ берун шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG