Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони Қазоқистон тиҷораташонро ба Узбекистон мекӯчонанд


Чанд ширкати истеҳсолкунандаи орди Қазоқистон тиҷораташонро ба Узбекистон кӯчониданд. Дар ин бора расонаҳои Қазоқистон рӯзи 7-уми сентябр хабар доданд.

Барои соҳибкорон дар Узбекистон шароити беҳтар фароҳам шудааст ва ба ин далел, ширкатҳо ба он ҷо кӯч бастаанд.

Дос-Мукасан Таукебоев, мудири ширкати "Mutlu"-и Қарағандаи Қазоқистон мегӯяд, дар кишвараш барномаҳои самараноки ҳимоят аз истеҳсолгарони орд мавҷуд нест.

"Президенти Узбекистон ширкатҳои истеҳсолкунандаи ордро барои 5 сол аз андоз озод кардааст. Агар дар кишвари мо фоизи миёнаи қарз 14 дарсад бошад, дар Узбекистон 4 дарсад муқаррар шудааст ва онҳо барои 15 сол. Дар Қазоқистон арзиши барқ ба 20 танга мерасад, дар Узбекистон 10 танга аст. Ба илова, неруи корӣ дар Узбекистон нисбат ба Қазоқистон арзонтар аст", - гуфт Дос-Мукасан Таукебоев.

"Тавре маълум аст, Қазоқистон дар солҳои 2007-2010 дар содироти орд мақоми болое дошт, вале баъдтар Туркия ин мақомро соҳиб шуд. Ҳоло эҳтимол дорад, ки Узбекистон мақоми дувуми моро ҳам бигирад. Ин ҳолат дар мавсими кунунӣ мумкин аст, рух диҳад", - гуфт ин соҳибкор.

XS
SM
MD
LG