Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малика бурунрафти бидуни созиши Бритониёро аз ИА манъ кард


Малика Елизавета II 9-уми сентябр қонунеро имзо кард, ки бурунрафти Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо (ИА)-ро бе созиш ё розигии вакилони порлумон манъ мекунад.

Ин қонун ҳукумати Бритониёро вазифадор мекунад, ки 18-уми октябри соли равон дар ҷаласаи Шӯрои Аврупо талош кунад, бо ИА ба созиш бирасад. Ба иттилои хабаргузории Reuters, дар сурати рад шудани дархост аз сӯи Брюссел сарвазири Бритониё вазифадор аст, ки таъхири бурунрафт аз иттиҳодро то ба 31-уми январи соли 2020 хостор шавад.

Бритониё дар аввал тасмим дошт, ки 29-уми марти соли 2019 аз ИА хориҷ шавад. Вале омодагиҳо барои бурунрафт то он замон ба анҷом нарасида буданд. Кишварҳои узви ИА моҳи апрели соли равон дар саммити иттиҳод тасмим гирифтанд, ки ба Лондон то 31-уми октябри имсол муҳлат диҳанд. Сарвазири нави Бритониё Борис Ҷонсон эълом кард, ки дар ин муҳлат бо созишнома ё бе он аз ИА хориҷ мешаванд.

Порлумони Бритониё то миёнаҳои моҳи октябр ба таътил меравад.

XS
SM
MD
LG