Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардори пешини пулиси Фарғона аз Доналд Трамп кумак мехоҳад


Сардори пешини пулиси шаҳри Фарғонаи Узбекистон майор Дилмурод Мадалиев, ки барои ифшои сирри давлатӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, аз президенти ИМА Доналд Трамп хост, барои бозбинӣ шудани парвандааш кумак кунад.

Мадалиев 19-уми август дар номааш ба унвонии президенти ИМА навиштааст, ки "пеш аз ин 300 бор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳии Ӯзбекистон муроҷиат кардам, вале посухе надоданд".

Дилмурод Мадалиев ибтидои соли 2011 сардори пулиси шаҳри Фарғона таъйин, вале моҳи майи худи ҳамон сол бо гумони "ифшои сирри давлатӣ" боздошт шуд. Дертар додгоҳ вайро 8 сол зиндонӣ кард ва ӯ пас аз 6 сол аз зиндон озод шуд. Дар айбномаи Мадалиев омадаааст, ки вай бидуни иҷозат санадҳои махфиро ба як зертобеаш нишон додааст. Вале гуфта нашудааст, ки ӯ кадом санадҳоро ифшо кард.

Худи Мадалиев мегӯяд, дар Идораи пулиси Фарғона ҳеч гоҳ санадҳои махфӣ набуд ва ӯро туҳмат карданд. Вай худро қурбони амалҳои кормандони мақомоти додситонӣ меҳисобад.

Додгоҳи олии Узбекистон дар посух ба дархости Мадалиев гуфтааст, ки барои бозбинӣ шудани парвандаи ӯ асосеро намебинад.

Сардори пулиси Фарғона мегӯяд, то ҳол ба номааш аз ҷониби президенти ИМА посух нагирифтааст. "Бовар дорам, ки ба номаам аз номи Трамп посух мегирам. Парвандаи ман бозбинӣ ва бегуноҳ эълом хоҳам шуд. Бояд адолат барқарор карда шавад. Фикр мекунам, Доналд Трамп, ки тавони таъсир расондан ба ҳама гуна вазъро дорад, метавонад дар қазияи як корманди одии пулиси Ӯзбекистон ҳам кумак кунад", - афзуд Мадалиев.

Дар Сафорати Амрико дар шаҳри Тошканд гуфтанд, ки муаллифи нома пас аз рӯзҳои ҷашнӣ посухеро дарёфт хоҳад кард.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
XS
SM
MD
LG