Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон мехоҳад, аз Google, Яндекс, Alibaba, Netflix андоз ситонад


Кодекси нави андози Узбекистон ситонидани андозро аз ширкатҳои технологие пешбинӣ мекунад, ки ба расонидани хадамоти интернетӣ машғул ҳастанд.

Дар тарҳи Кодекси андоз омадааст, андоз аз ширкатҳое ситонида мешавад, ки ба шахсони воқеӣ хизматрасонии пахши таблиғот, фароҳамсозии дастрасӣ ба низомҳои ҷустуҷӯгар, оморгирӣ, имкони тиҷорати онлайнӣ ва ғайраро фароҳам меоранд.

Ширкатҳое амсоли Google, Яндекс, Alibaba, Netflix ин хизматрасониҳоро ба корбарони интернет дар Узбекистон фароҳам меоранд.

Дар тарҳи Кодекси андоз омадааст, ки сар аз 1-уми январи соли 2020 чунин ширкатҳо бояд дар мақомоти андози кишвар сабти ном шаванд ва ҳармоҳа ҳисобот супоранд. Мақомоти андози Узбекистон мехоҳанд, аз хизматрасонии ин гуна ширкатҳо 20% андоз ситонанд.

Соли 2017 дар Русия барои ширкатҳои хориҷии интернетӣ андоз ҷорӣ карданд. Ширкатҳое амсоли Google ва Apple дар Русия 18% андоз аз арзиши иловашуда месупоранд. Қазоқистону Тоҷикистон ҳам пештар гуфта буданд, тасмим доранд, чунин андоз ҷорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG