Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маблағҳои Бунёди нафақаи Қазоқистонро дар ширкати кишоварзии зиёноваре сармоягузорӣ карданд


Бунёди ягонаи нафақаи ҷамъшаванда дар Қазоқистон қисме аз нафақаи ҷамъшударо ба ширкати кишоварзии зиёноваре сармоягузорӣ кард, ки ба хариди гандуми тухмӣ машғул аст. Бунёд ба ширкати "ҚазАгро" бештар аз 21 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

"Дар иваз "ҚазАгро", фикр мекунам, 10 дарсад пардохт хоҳад кард",-гуфт вазири кишоварзии Қазоқистон Сафархон Умаров.

Ба Бунёди нафақа 10 дарсади даромади коргарони Қазоқистон интиқол дода мешавад.

Моҳи ноябри соли 2018 "ҚазАгро" бори аввал аз Бунёди нафақа сармоя дарёфт карда буд. Он замон ширкат беш аз 1,2 миллиард доллар гирифта буд.

Моҳи июли соли ҷорӣ президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ширкати мазкур ба Бунёди нафақа 308 миллион доллар зарар овардааст.

Соли 2018 Бунёди нафақа ба бахши иқтисод - барои рушди бахши кишоварзӣ ва пуштибонӣ аз тиҷорати хурду миёна - сармоягузорӣ карда буд.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
XS
SM
MD
LG