Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози сокинони Жанаозен ба бунёди корхонаҳои чинӣ дар Қазоқистон


Ҳудуди 100 сокини шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау 2-юми сентябр дар назди бинои шаҳрдорӣ ҷамъ шуда, норозигии худро ба созишномаи байниҳукуматии Қазоқистону Чин дар бораи бунёди 55 коргоҳи саноатӣ баён карданд.

Ҷамъшудаҳо аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев талаб карданд, ки сафари худро дар рӯзҳои 12 ва 13-уми сентябр ба Чин бекор кунад. Онҳо ҳамчунин аз шаҳрдории Жанаозен хостанд, сабаби қарз гирифтан аз Чинро шарҳ диҳад.

Ба назди эътирозгарон муовини шаҳрдори Жанаозен Амонгалӣ Нурдаулетов баромада, талош кард, сокинонро ором созад. Вале ҷамъшудаҳо мулоқот бо раиси вилояти Мангистауро талаб карданд.

Ба гуфтаи тазоҳургарон, дар ниҳоят тасмим гирифта шуд, ки раиси вилояти Мангистау барои мулоқот бо сокинон ба Жанаозен хоҳад рафт. Дар натиҷа сокинон пароканда шуданд.

Рӯзи 18-уми августи соли равон сокини шаҳри Нурсултон Аскар Кайирбек низ бо шиори "55 корхона ба Чин баргардонида шавад!" тазоҳуроти инфиродӣ баргузор кард.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи апрели соли 2019 дар суҳбат бо расонаҳои чинӣ гуфт, аз 55 тарҳи муштараки бузург, иҷрои 15 тоашон оғоз шуда, 10 тои онҳо имсол ба истифода дода мешаванд.

Чин чаҳорумин сармоягузор ва севумин қарздиҳандаи бузурги Қазоқистон аст. Қазоқистон дар навбати худ барои Чин манбаи ашёи хом, бозори фурӯши маҳсулот ва минтақаи транзитӣ мебошад. Пекин имсол ба Нурсултон 2 миллиарду 62 миллион юан додааст. Қазоқистон дар ҳоли ҳозир аз Чин беш аз 12 миллиард доллар қарздор аст.

XS
SM
MD
LG