Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майк Пенс: ИМА дар низоъ бо Русия аз Украина пуштибонӣ мекунад


Владимир Зеленский ва Майк Пенс
Владимир Зеленский ва Майк Пенс

Майк Пенс, ноиб-президенти ИМА гуфт, ки кишвараш ба пуштибонӣ аз Украина идома дода, дар низоъ бо Русия дар канори он хоҳад монд. Пенс ҳамчунин афзуд, дар ҳифзи якпорчагӣ ба Украина кумак мерасонад.

Пенс дар мулоқот бо президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 1-уми сентябр дар Варшава гуфт, ки ИМА талаби қонунии Украинаро дар масъалаи Қрим ҷонибдорӣ мекунад. Ноиб-президенти ИМА ва президенти Украина дар Варшава дар чорабинии бахшида ба 80-солагии оғози Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва ҳамлаи Олмон ба Лаҳистон, ширкат доштанд.

ИМА барои Украина ҳампаймони муҳим ба ҳисоб меравад. Вашингтон дар робита ба ғасби Қрим дар соли 2014 аз сӯи Русия ва пуштибонии ҷудоихоҳони шарқи Украина, таҳрим ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG