Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халилзод президент Ғаниро аз ҷараёни музокирот бо Толибон хабардор кард


Акс аз 23 июл

Фиристодаи ИМА дар умури Афғонистон Залмай Халилзод дар як мулоқоташ бо президенти ин кишвар Ашраф Ғанӣ ӯро дар бораи охирин таҳаввулоти марбут ба музокироти сулҳ бо Толибон, ки дар Қатар мегузарад, хабардор намуд.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи президенти Афғонистон рӯзи 1 сентябр дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс Пресс гуфт, ки ҷузъиёти ин сӯҳбатҳо рӯзи душанбе шарҳ дода мешавад. Халилзод баъди бозгашт аз Қатар бо президент Ғанӣ мулоқот ва гуфт, ки даври нӯҳуми музокираҳо бо Толибон ҳанӯз бидуни созиш анҷом ёфтааст.

Замоне, ки Халилзод ҳанӯз дар Қатар буд, дар як ҳамлаи Толибон ба посгоҳи Пули Хумрӣ дар шимолушарқи пойтахти Афғонистон рӯзи 1 сентябр дасти кам шаш нафар кушта шуд. Мақомоти маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Толибон дар ҳодисаи Пули Хумрӣ мағлуб шуданд, вале айни замон гуфтанд, ки дар маҳаллаҳои Каркару Банди ду муноқишаҳо идома доранд.

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди кумаки муҳоҷирон ба кӯдакони чаҳор деҳаи бе мактаб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
XS
SM
MD
LG