Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши чархаи Роғун дар Кӯлоб. 7 ҳазор нафар – ба "маршировка". ВИДЕО


Дар остонаи иди истиқлоли Тоҷикистон, ки ҳар сол рӯзи 9-уми сентябр таҷлил мешавад, дар шаҳри Кӯлоб ҳафт ҳазор нафарро ба "маршировка" ҷалб кардаанд. Баъзе аз онҳо донишҷӯ ва қисме дигар кормандони сохторҳои давлатиянд.

Ҳарчанд вазири фарҳанги Тоҷикистон дар охири моҳи июл гуфта буд, ки "рафтани донишҷӯён ба маршировка маҷбурӣ нест", чанде аз донишҷӯён гуфтанд, "аз ночорӣ ба ин маърака мераванд".

Тамрин барои иштирок дар барномаҳои ҷашни истиқлол дар Кӯлоб аз моҳи июли имсол сар шудааст. Баъзе аз донишҷӯён гуфтанд, ҳатто ба онҳо баҳои имтиҳони соли хониши гузаштаро нагузоштаанд, ба шарти он ки "аввал дар маршировка иштирок кунанд".

Нақши чархаи Роғун дар Кӯлоб. 7 ҳазор нафар – ба "маршировка"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Манобеи идораи фарҳанги вилояти Хатлон мегӯянд, ҳафт ҳазор нафар ҳангоми сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба минтақа ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. "Ҳар нафар дар ин ҷо нақши худро дорад. Барои мисол, як гуруҳ нақши чархаи Роғунро иҷро мекунанд, ки ба кор даромадааст ва рӯшноӣ медиҳад", -- гуфт як ҳамсуҳбати мо дар идораи фарҳанги вилоят.

Вай иҷборӣ будани ҷалби донишҷӯёнро ба маршировка рад кард.

Маршировка тамрини донишҷӯёну ҷавонон аст, ки ҳар сол дар робита ба ҷашнҳои бузурги давлатӣ, аз ҷумла Рӯзи ваҳдату ҷашни истиқлол ва Наврӯз, барпо мешавад. Ин маърака ҳафтаҳо дар ҳавои гарму сард ва дур аз таҳсилу омӯзиш тӯл мекашад.

Сӯҳроб, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, мегӯяд, дар гармии тобистон боре касе напурсид, ки аз куҷо ва чӣ гуна худро ба тамрин расондаанд. Вай аз ноҳияи Восеъ аст ва ҳар рӯз ҳудуди даҳ сомонӣ барои роҳкирову хӯроки нисфирӯзӣ харҷ мекунад.

“Модарам доим шиква мекунад. Мегӯяд, ки аз чунин хондан нахонданат беҳтар аст. Ҳадди ақал роҳкироро медоданд”, -- гуфт мусоҳиби мо.

Ин донишҷӯ афзуд, ҳар рӯз онҳоро тафтиш мекунанд, ки дар маршировка ҳастанд ё не. Дар сурати иштирок надоштан эҳтимоли баҳои манфӣ гирифтан ва ё ихроҷ шудан аз донишгоҳ таҳдид мекунад.

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Коллеҷи тиббӣ иштироки донишҷӯёни худро дар роҳпаймоӣ тасдиқ карданд, вале гуфтанд, донишҷӯён субҳи барвақт дар маршировка иштирок карда, зуд ба хонаҳояшон бармегарданд.

Ҳотамшоҳ Назаров, муовини раиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, дар аввали моҳи августи имсол дар як нишасти хабарӣ гуфт, аз ин муассиса 3200 донишҷӯ ба маршировка ҷалб шудаанд. “Ҳудуди 500 донишҷӯро бо хобгоҳ таъмин мекунем, боқимонда ба хонаи хешу ақрабо мераванд”, -- шарҳ дод ӯ.

Масъулони Коллеҷи тиббӣ ва омӯзгорӣ гуфтанд, ки ба донишҷӯёни худ ҳар субҳ санбуса ва нӯшоба медиҳанд ва сипас ба маршировка мефиристанд.

Донишҷӯён мегӯянд, асли воқеа тамоман дигар аст, аммо онҳо аз тарси он ки ҳамагуна изҳорот метавонад бар зарарашон тамом шавад, ё дар ин бора лаб намекушоянд ва ё шикоят ҳам кунанд, номи худро намегӯянд.

Баъзе волидон аз он шикоят доранд, ки бештари вақти фарзандонашон сарфи маршировкаҳо шуда, ба сатҳи омӯзиши онҳо халал мерасонад. Онҳо мегӯянд, таҷрибаи ташкили ҷашнҳои давлатии бошукӯҳ назири маъракаҳоест, ки ҳукумати Шӯравӣ баргузор мекард. Ба бовари онҳо, имрӯзҳо мақомот дар азми баргузории ҷашнҳои серҷамъият бо иштироки ҷавонону донишҷӯён мақомот аз давраҳои Шӯравӣ ҳам бештар вақту маблағ сарф мекунанд.

Дар гузашта на танҳо волидон ва коршиносони алоҳида, балки сиёсатмадорон низ дар мавриди халал ворид кардани раҳпаймоиҳои донишҷӯён изҳори назар карда буданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва раиси собиқи Душанбе, соли 2012 дар як маҷлиси шаҳрӣ гуфта буд, ки хонандагони мактабҳо набояд дар соатҳои дарсӣ ба маршировка ҷалб шаванд.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар моҳи январи имсол зимни як нишаст дар Душанбе гуфта буд, ки ба хотири иштирок дар “маршировка” донишҷӯён аз дарс озод намешаванд ва танҳо баъди дарс ҷалб хоҳанд шуд.

Аммо ё мақомот ин ҳарфҳоро мегӯянду фаромӯш мекунанд ва ё дар назди мардум чизи дигар изҳор медоранду дар паси парда – чизи дигар.

XS
SM
MD
LG