Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

27 арӯс дар Хатлон аз санҷиши бакорат гузаштанд


Дар 7 моҳи соли ҷорӣ 27 домоди ҷавон дар вилояти Хатлон баъди шаби аввали арӯсӣ ба ҳамсаронашон шубҳа карда, онҳоро барои исботи покдоманияшон ба тахшиси пардаи бакораташон ба Маркази ташхисию тиббӣ бурдаанд. Насиба Мирзалиева, духтури ташхисгар ва як масъули Маркази ташхиси тиббию додгоҳии вилояти Хатлон рӯзи 29 август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхис собит кард, ки ҳамаи 27 арӯсе, ки мавриди шубҳаи домодҳо буданд, бо касе ҷуз шавҳаронашон алоқаи ҷинсӣ надоштаанд.

Тибқи гузориши расмӣ, дар чаҳор моҳи соли 2018 дар Хатлон 12 домод барои санҷидани арӯсонашон ба ташхисгоҳ муроҷиат кардаанд. Ба гуфти духтурон, соли гузашта ҳолатҳое будааст, ки арӯсон низ гунаҳгор буда, пеш аз арӯсиашон амали ҷарроҳиеро анҷом додаанд. Духтарон бо анҷоми ҷарроҳӣ худро барои домодҳо бокира нишон медодаанд, вале хулосаи пизишкон барои домодҳо гуфта шудааст.

Мавзӯи бокирагии духтарони хона дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Дар ҳолате, ки ба қавле арӯс “нодухтар” эълон мешавад, бархе хонаводаҳо арӯси навро пушти дар мекунанд. Бисёр духтарони хонавайроншуда худро шарманда эҳсос мекунанд ва ангуштнамои ҷомеа мешаванд. Ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани арӯсони бадномшуда ҳам сабт шудааст. Мунаққидони ин падида мегӯянд, санҷиши бокирагии духтар дар асл таҷрибаи мухолиф бо меъёрҳои ҳуқуқи башар аст ва ба ҳеҷ сурат набояд ба унвони меъёри покизагии духтар қабул шавад.

Аз ҷумла, мутахассисони СММ санҷиши бакоратро як ҳолати бисёр таҳқиромез меноманд ва мегӯянд, ки он ҳуқуқи занону духтаронро поймол мекунад ва ба сиҳҳатии таббиву равонии онҳо таъсири манфӣ мегузорад.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Идораи ҳуқуқи башар ва бахши СММ дар умури занон дар изҳороте моҳи октябри соли 2018 аз кишварҳои ҷаҳон даъват карданд, ки бояд таҷрибаи бисёр дардноку таҳқиромез ва осебгузори санҷиши бакорат, дар ҳолате, ки зарурати тиббии анҷоми чунин санҷиш вуҷуд надорад, бояд хотима дода шавад.

Тоҷикистон, аз назари онҳо, яке аз он кишварҳоест, ки мавзӯи бакорати духтарон ва нобоварии домодҳои ҷавон ба покдомании арӯсони ҷавон дар он то рафт дарднок мешавад.

Марказҳои махсуси тиббӣ чунин санҷишҳоро пеш аз арӯсии духтарҳо ҳам анҷом дода ба дасташон санад медиҳанд, ки пардаи бакорати духтар канда нашудааст. Ин ба маънои надоштани алоқаи ҷинсии ӯ мебошад.

XS
SM
MD
LG