Додгоҳе дар Чеченистон як зани тоҷикро бо ҷурми маҷбур кардани фарзандони хурдсолаш ба талбандагӣ шартан аз озодӣ маҳрум кардааст. Сайёра Мамаёрова бо хонаводааш дар ноҳияи Ачхой-Мартанов зиндагӣ мекунад. Мақомоти додгоҳ гуфтаанд, ӯ дар ҳеч ҷой кор намекунад ва қаблан чанд дафъа ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. Вайро ба иҷро накардани масъулияташ дар тарбия ва таъмини фарзандон айбдор медонанд. Худи Мамаёрова ва ё вакили мудофеаш дар ин бора изҳори назар накардааст. Расонаҳои Чеченистон рӯзи 28-уми август навиштанд, бар асоси иттилои мақомоти тафтишотӣ, ӯ моҳи январи имсол гӯиё кӯдаконашро ба талбандагӣ маҷбур кардааст. Ҳукм ба иҷро даромадааст.