Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон аз нишасти чаҳоргона дар робита ба Украина хабар дод


Эммануэл Макрон, президенти Фаронса хабар дод, ки роҳбарони Русия, Украина, Олмон ва Фаронса моҳи оянда бо ҳадафи хотима додан ба низоъ дар шарқи Украина мулоқот мекунанд.

Макрон рӯзи 26 август гуфт, "мо бар ин назарем, ки шароит барои баргузории гуфтугӯи судманд фароҳам шудааст". Вай афзуд, нишасти чаҳоргона моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд, аммо аз санаи дақиқе ёд накард.

Низоъ дар шарқи Украина миёни неруҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабони русиягаро аз замони ғасби Қрим аз сӯи Русия дар соли 2014, идома дорад.

Макрон дар остонаи саммити "Ҳафтгонаи бузург", ки рӯзҳои истироҳатии гузашта дар Фаронса баргузор шуд, бо роҳбари Украина Владимир Зеленский ва президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард.

Баъди ғасби Қрим Русия аз ҳаққи ширкат дар саммитҳои "Ҳафтгонаи бузург" - пешгомони иқтисоди ҷаҳонӣ - маҳрум шуд. Макрон баъди мулоқоти рӯзи 19 август бо Путин гуфт, ки бо сари қудрат омадани Зеленский дар Украина "имконияти воқеӣ" барои ҳалли низоъ дар он кишвар фароҳам шудааст.

Ахиран Зеленский бо Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод ва ҳамзамон пешниҳоди мулоқот кард. Москва гуфт, ҳавасманди идома додани гуфтугӯҳои сулҳомез ҳаст.

Аз замони шуруи низоъ дар шарқи Украина дар соли 2014 бештар аз 13 ҳазор одам кушта шудааст. Ҳамзамон наздики 1,5 миллион сокини дигар маҷбур ба тарки манзилҳояшон шудаанд. Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва кишварҳои дигар ба далели нақши Москва дар низоъи шарқи Украина, нисбати Русия таҳрим ҷорӣ карданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Нашрияи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ берун шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG