Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманҳо барои навбатпоӣ дар назди банкомат боздошт мешаванд


Дар вилояти Лебапи Туркманистон сокинон барои навбатпоӣ дар назди банкоматҳо боздошт ва бозпурсӣ мешаванд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Лебап, кормандони пулис онҳоеро боздошт ва бозпурсӣ мекунанд, ки дар назди банкоматҳо навбат меистанд. Ҳамчунин дар муассисаҳои давлатӣ ба кормандон таъкид мешавад, ки дар назди банкоматҳо "нанамоянд".

Ба гуфтаи хабарнигор, ин иқдом пас аз танбеҳи президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба раиси Бонки марказии ин кишвар рӯи даст гирифта шудааст.

Бердимуҳаммадов 19 август дар як ҷаласа гуфт, ки "дар муассисаҳои молӣ маблағ ба таври кофӣ мавҷуд аст". Вай афзуд, агар назорати доим аз болои кори банкоматҳо анҷом шавад, ҳеч мушкиле намемонад. Ӯ дар ин робита ба раиси Бонки марказӣ Мардон Аннадурдиев барои бе назорат мондани кори банкоматҳо танбеҳ эълом кард.

Буҳрони норасоии маблағ дар банкоматҳои он кишвар беш аз ду сол ин ҷониб идома дорад. Мунтазам маҳдудият ҷорӣ мешавад ва дар саросари он кишвар одамон пушти банкоматҳо навбатпоӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG