Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони узбекистонӣ эҳтимолан аз равғани растанӣ заҳролуд шуданд


69 тан аз муҳоҷирони меҳнатии Узбекистон, ки дар ширкати кишоварзие дар вилояти Самараи Русия фаъолият мекарданд, эҳтимол аз заҳри муше заҳролуд шудаанд, ки дар равғани растанӣ омехта шуда буд.

11 тан аз сокинони вилояти Улянови Русия, аз ҷумла ду кӯдак, баъди заҳролудшавӣ аз равған дар бемористон бистарӣ шуданд. Ду тан аз заҳролудшудаҳо фавтиданд.

Мақомоти тандурустии вилояти Улянов хабар доданд, ки нишонаҳои заҳролудшавии сокинони ин вилоят ба нишонаҳои бемории 69 тан аз шаҳрвандони Узбекистон монанд аст.

"11 тан зери назари табибон ҳастанд, ду кас фавтид. Нишонаҳои ҳар ду якранг буд: навъҳои гуногуни хунравӣ. Дақиқ шуд, ки ҳамаи ин одамон дар ғизо аз як навъ равғани растанӣ истифода кардаанд",-хабар дод Гулия Заббарова, сухангӯи мақомоти тандурустии Улянов.

Як сокини 69-солаи вилояти Улянов аз донаи офтобпарасте 200 литр равған истеҳсол кард, ки эҳтимол дорад, он бо доруи марги муш омехта шуда буд. Ин сокини вилояти Улянов донаи офтобпарастро аз ширкати кишоварзие аз вилояти Самара дарёфт кард, ки 69 тан муҳоҷири узбекистонӣ миёнаҳои моҳи июл онҷо заҳролуд шуда буданд.

200 литр равғани истеҳсолшударо сокини 69-солаи Улянов ба вилояти Самара интиқол дод. Вай 15 литри равғани истеҳсолшударо барои худ боқӣ гузошт, ки духтараш 10 литри онро ба ҳамкоронаш тақсим кард. Ҳашт тан аз онҳое, ки ин равғанро истеъмол карданд, дар бемористон бистарӣ шуданд.

Ёдрас мешавем, 18 июл дар вилояти Самараи Русия 69 тан муҳоҷири ӯзбекистонӣ бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шуданд. Бемории онҳо ба бемории сокинони вилояти Улянов шабоҳат дошт. Рӯзи 4 август Ойбек Собирови 24-сола, як тан аз узбекистониҳои заҳролудшуда дар бемористон фавтид.

Ба иттилои расмӣ, аз 69 муҳоҷири заҳролудшуда то кунун 54 тани онҳо дар бемористон табобат мегиранд. Мақомоти тандурустии Узбекистон гуфтанд, рӯзи 17 август чанде аз табибони Узбекистон барои муолиҷаи муҳоҷирони заҳролудшуда ба Самара парвоз кардаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди кумаки муҳоҷирон ба кӯдакони чаҳор деҳаи бе мактаб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
XS
SM
MD
LG