Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистонро ба ҳифзи "озодии баён" даъват доранд


Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон -- "Гузоришгарони бидуни марз" аз мақомоти Қирғизистон даъват дорад, ки ба телевизиони мухолифи "Апрел" имкон диҳанд, то дубора пахши барномаҳои худро ба роҳ монад.

Пахши барномаҳои "Апрел" пас аз боздошти молики ӯ -- президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки 8 август сурат гирифт, қатъ шуд. Неруҳои махсуси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон як рӯз пас аз боздошти Отамбоев ба коргоҳи телевизион дар шаҳри Бишкек рафта, ба дари он муҳр заданд. Мудири телевизион Дмитрий Ложниковро муфаттишон 13 август 5 соат бозпурсӣ карданд.

Вале раҳбари бахши "Гузоришгарони бидуни марз" дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Иоханн Бирр​ дар изҳороти худ гуфтааст, ки ҳеҷ гуна тафтишот барои нақзи озодии расонаҳо баҳона шуда наметавонад. Бахусус, дар мавриди телевизиони "Апрел", ки зидди ӯ то ҳол ҳеч гуна айбе эълом накардаанд.

Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии расонаҳо Ҳарлем Дезир низ дар робита ба баста шудани телевизиони "Апрел" нигаронӣ баён кард. "Маро ҳабси дороии "Апрел" ва қатъи фаъолияти он нигарон кардааст. Ман аз мақомоти дахлдори Қирғизистон даъват мекунам, ки ин қарор бозбинӣ шавад. Озодӣ ва гуногунандешии расонаҳо ҳатто дар вазъиятҳои мушкил низ бояд ҳифз шавад",-афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG