Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон кӯлҳоро ёдгориҳои табиии давлатӣ эълом мекунанд


Ҳукумати вилояти Тошканди Узбекистон вазифадор карда шудааст, ки дар муддати як моҳ кӯли "Урунгач"-ро ба масоҳати 43 ҳектар дар боғи миллии Угам-Чатқол ёдгории давлатии гидрологии табиӣ эълом кунад.

Дар ин бора дар тарҳи қарори девони вазирони Узбекистон дар бораи "Танзими истифодаи ҳудудҳои алоҳида ва иншооти боғи миллии Угам-Чатқол" гуфта шудааст.

Дар қарор омадааст, ки ёдгории давлатии гидрологии табиии "Урунгач" дар ҳудуди хоҷагии ҷангали Бурчмулло ҷойгир буда, аз сӯи он идора мешавад ва анҷоми ҳама гуна фаъолиятҳое, ки ба иншооти мазкур таъсири манфӣ мерасонанд, манъ мебошад.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки бунёди худсаронаи маконҳои хурди истироҳатӣ дар соҳили кӯли Урунгач ва ба роҳ мондани хидматрасониҳои гуногун, аз қабили қаиқсаворӣ дар он нигаронии ҳомиёни муҳити зисти Узбекистонро ба бор овардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG