Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский аз Путин хост, ба ҷудоихоҳони Донбасс "фишор" орад


Президенти Украина Владимир Зеленский ба ҳамтои русаш Владимир Путин занг зада, аз ӯ хостааст, ба ҷудоихоҳони Донбасс таъсир расонад. Дар ин бора худи Зеленский 7-уми август пас аз як ҷаласа бо фармондеҳи артиши Украина хабар дод.

Ин ҷаласаи изтирорӣ пас аз ташаннуҷи авзоъ дар марзи Украина баргузор шуда, аз тири ҷудоихоҳон чаҳор низомии Украина ҷон бохтаанд. "Субҳ бо Путин суҳбат кардам ва гуфтам, ки қатли низомиён моро ба сулҳ наздик намесозад. Ман хоҳиш кардам, ки ба он тараф таъсир расонад, то куштори одамони моро қатъ кунанд",-гуфт Зеленский.

Дар шарқи Украина 21-уми июн оташбаси навбатӣ эълом шуд. Вале ҷонибҳои даргир якдигарро ба нақзи оташбас айбдор мекунанд. Зеленский гуфт, ба далели даргириҳои ахир дар шарқи Украина эҳтимол дорад, сафарашро ба Туркия қатъ кунад. Кремл то ҳол гуфтугӯи телефонии Путину Зеленскийро шарҳ надодааст.

Задухурди нерӯҳои ҳукуматии Украина бо ҷудоихоҳони мавриди ҳимояти Русия дар шарки ин кишвар аз соли 2014 идома дошта, ҷони беш аз 13 ҳазор одамро рабудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG