Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳои додгоҳӣ дар Қазоқистон зидди насби "сертификати бехатарӣ"


Жангелдӣ Сулаймонов, ҳуқуқшиноси қазоқистонӣ баъди тавсияи ширкатҳои мобилӣ дар робита ба насби "сертификати бехатарӣ" ба додгоҳ шикоят бурд.

Ҷаласаи ибтидоии додгоҳӣ дар шаҳри Алмато рӯзи 6-уми август ҳамагӣ 5 дақиқа давом кард. Намояндаи ширкати мобилии Beeline аз додгоҳ хост, ки баррасии шикоят дар шаҳри Нурсултон сурат гирад, зеро дафтари марказии ширкат дар он шаҳр ҷойгир аст.

Вакили мудофеъ дар шикояташ навиштааст, ки талаби ширкатҳои мобилӣ дар робита ба насби "сертификати бехатарӣ" барои пайваст шудан ба интернет ғайриқонунӣ аст.

Чанд ҳуқуқдони дигар дар шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон низ дар робита ба ин масъала ба додгоҳҳо шикоят бурданд. Интизор меравад, рӯзи 8-уми август шикоятҳои дигар дар додгоҳҳои Қазоқистон ба баррасӣ гирифта шавад.

Сар аз моҳи июли соли ҷорӣ дар Қазоқистон ширкатҳои мобилӣ ба паҳн кардани огоҳии насби "сертификати бехатарӣ" шуруъ карданд. Ширкатҳо муштариҳоро огоҳ карданд, ки дар сурати насб накардани чунин сертификат пайваст шудан ба Интернет мушкил хоҳад шуд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, насби ин гуна сертификат корбаронро аз ҳамлаҳои киберӣ эмин нигаҳ медорад. Вале коршиносон мегӯянд, насби сертификат таъқибро осон ва сензураро бештар мекунад.

XS
SM
MD
LG