Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин турбинаи газии неругоҳи Турақурғон ба кор даромад


Дар вилояти Намангони Узбекистон рӯзи 5-уми август нахустин турбинаи газии неругоҳи барқӣ ба кор дароварда шуд. Дар ҳоли ҳозир неругоҳ дар ҳолати санҷишӣ буда, сар аз моҳи ноябр бо иқтидори комил барқ истеҳсол мекунад. Дар ин бора вазорати энержии Узбекистон хабар дод.

Дар сохтмони неругоҳ бештар аз 2 ҳазору 400 корманди дохиливу хориҷӣ ҷалб шудааст. Неругоҳи Турақурғон солона то 7 млрд киловат/соат барқ истеҳсол хоҳад кард. Бо қарори президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз 2-юми майи соли 2017, дар вилояти Намангон чанд неругоҳи хурди барқӣ сохта мешавад.

Сохтмони неругоҳи Турақурғон аз соли 2014 шуруъ шуда буд.

Ин неругоҳ дар ҳамкорӣ бо ширкати ҷопонии Mitsubishi ва консорсиуми Mitsubishi Hitachi Power Systems Ltd сохта мешавад

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG