Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон тахриби манзилҳо танҳо бо иҷозаи сарвазир сурат мегирад


Дар Узбекистон аз ин ба баъд амволи сокинону соҳибкорон танҳо бо иҷозаи сарвазир тахриб карда мешавад. Дар ин бора президенти он кишвар фармон содир кард.

Ба иттилои вазорати адлияи Узбекистон, заминҳои бозпасгирифта ва тахриби амволи дар онҳо ҷойгирбуда дар се марҳила сурат мегирад:

- бастаи ҳуҷҷатҳои замине, ки онҷо тахриб анҷом мешавад, аз сӯи ҳокимон ба девони вазирон ирсол мегардад;

- девони вазирон дар мувофиқа бо қоидаҳои шаҳрсозӣ ва нақшаҳои молӣ хулоса содир мекунад;

- хулоса барои баррасӣ ва қабули қарор ба сарвазир фиристода мешавад.

Ба ҷуз ин, барои муайян кардани ҳаҷми ҷубронпулӣ ба соҳибони манзилҳо ва амволи соҳибкорон гуруҳҳои кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад.

Дар як ҷаласаи рӯзи 2-юми август Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба зердастонаш дастур дод, ки дар робита ба барканории раисони вилоятҳои Фарғона, Хоразм ва Қашқадарё чораҷӯӣ кунанд.

Рӯзи 4-уми август роҳбарони се вилоят дар мазҳари ом узрхоҳӣ карданд. Пештар аз ин роҳбарони мазкур ба тахриби манзили сокинони вилоятҳои ёдшуда дастур дода, аммо масъалаи пардохти ҷубронпулиро сарфи назар карда буданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG