Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши даромади ширкатҳои мобилӣ ба будҷаи Тоҷикистон зарба зад


Масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, коҳиши даромади ширкатҳои мобилӣ, боиси иҷро нагардидани даромади будҷа гардидааст.

Маъруф Солеҳзода, муовини аввали раиси Кумитаи андоз рӯзи 2-юми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе бо изҳори нигаронӣ гуфт, дар ин нимсола пардохти андоз аз сӯи ширкатҳои мобилӣ дар ҳаҷми беш аз 80 миллион сомонӣ кам шудааст.

Аз Кумитаи андоз ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки андозе, ки ширкатҳои мобилӣ дар ин нимсола пардохт намудаанд, 482 миллиону 394,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, даромади ширкатҳои мобилӣ дар нимсолаи соли равон 1 миллиарду 133 миллиону 807 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 88 миллион сомонӣ кам мебошад.

Муовини аввали Кумитаи андоз таъкид намуд, дар шашмоҳаи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 98,6 дарсад иҷро гардида, ба ҷои 5 миллиарду 546,7 миллион сомонии пешбинишуда, ба будҷа 5 миллиарду 466,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 80 миллион сомонӣ кам аст.

Ӯ иброз дошт, ки дар баробари ширкатҳои мобилӣ, пардохт нагардидани маблағи андоз аз ҷониби бархе корхонаҳо низ ба иҷрои даромади будҷа таъсир гузошт.

Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир чаҳор ширкати мобилӣ фаъолият мекунад. Бинобар омори расмӣ, имрӯзи ҳудуди 3 миллион сокини Тоҷикистон аз хадамоти интернетӣ истифода мекунанд. Дар Тоҷикистон нархи интернет назар ба аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ гаронтар аст.

XS
SM
MD
LG