Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол ба сохтмони "Роғун" 1,8 миллирад сомонӣ додаанд


Имсол барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 1,8 миллиард сомонӣ ҷудо кардаанд. Мақомоти Вазорати молия гуфтанд, 1,4 миллиарди сомонии он аз ҳисоби будҷа ва боқимонда аз ҳисоби евробондҳо ва коғазҳои гаронбаҳост.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 2-юми август ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои дарёфти маблағ барои сохтмони "Роғун" як гуруҳи вижа таъсис шудааст. Вай афзуд, "дар назар аст, давоми сол боз 2,1 миллиард сомонии дигар аз ҳисоби будҷа ва манбаъҳои дигар барои "Роғун" пул ҷудо шавад."

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" яке аз тарҳҳои пурхарҷ дар Тоҷикистон аст. Соле садҳо миллион сомонӣ барои он сарф мешавад. Манбаи харҷ аз будҷаи давлат ва пулест, ки дар оғози сохтмон аз мардум дар ивази саҳмияҳо ҷамъ кардаанд ва евробондҳое, ки ба маблағи панҷсад миллион доллар ба ширкатҳои хориҷӣ фурӯхта шуд.

Чархаи якуми "Роғун" моҳи ноябри соли гузашта ва чархаи дувум чанд моҳи пеш фаъол шуд. Ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша то соли 2021 барқ истеҳсол мекунанд ва баъдан иваз мешаванд.

XS
SM
MD
LG